Дар Тоҷикистон бо вуҷуди авҷи шуйӯъи коруно, мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, нақшаи роҳандозии карантин рӯи даст набуда, бо такя ба масъулиятшиносии ҳар шаҳрванд амал хоҳанд кард
Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, қарантин барои давлат як тартибу низом дорад, ки дар шароити феълии Тоҷикистон амалӣ намешавад.
Ӯ тавзеҳ дод, ки карантин аз ҳодисаҳои алоҳида, вақте 10 — 12 ҳолат дар як минтақа пайдо мешавад, амалӣ мегардад. Ноиби вазир гуфт, дар ин сурат низ чӣ қадар корҳоро анҷом додан даркор, то он ҳолатҳоро пайдо карду ба карантини инфиродӣ, оилавӣ ва ё корхонавӣ фаро гирифт.
Ғафур Муҳсинзода гуфт, ки дар шароити феълии Тоҷикистон ба масъулиятшиносии шаҳрвандон алайҳи ҳамагирии коронавирус такя хоҳанд кард. Ӯ ҳушдор дод, ки агар шахс дидаю дониста бо ташхиси мусбати коронавирус, вале бе аломат назди ҷомеа равад, ин ҷавобгарии калон дорад.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, 43 дарсади сироятёбии сокинон дар шароити хона, 12 дарсад дар корхонаҳо, 11 дарсад дар маъракаҳо сурат гирифтаанд.
Дар Тоҷикистон афзоиши рекордии теъдоди сироятшудагон давоми як шабонарӯз аз вируси корона ба қайд гирифта шуд.
Ҳамин тавр, дар давоми шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 81 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шуд, дар ҳоле, ки ду рӯз пеш ин омор 74 ҳолатро ташкил медод.
Ин бештарин нишондод аз 21 июн — яъне, бурузи дигарбораи вируси корона дар Тоҷикистон то кунун, ба шумор меравад.
Расман аз аввали ҳамагирии коронавирус то шоми 25 июл дар ҷумҳурӣ 14 ҳазору 592 гирифтори COVID-19 сабт шудааст, ки аз ин 14096 нафар ё худ 96,5% шифо ёфта, 117 нафар ҷон додаанд.