Бузургтарини санги ёқути кабуди ҷаҳон дар ҳавлии хонае дар минтақаи Ратнапура дар Шри-Ланко пайдо шуд.
Ба гузориши “Би-Би Си”, санги ёқути кабуд тавассути соҳиби хона ҳангоми ҳафри чоҳ дар ҳавлии хонааш кашф шудааст.
Коршиносон арзиши тахминии ин санг, ки ҳудудан 510 килограмм вазн дорадро 100 миллион доллар баровард карданд.
Доктор Гомини Зуисо, коршиноси сангҳои қиматӣ изҳор дошт, ки ин санг ҳудудан 400 миллион сола аст.
Шри-Ланко аз муҳиммтарин содиркунандагони ёқути кабуд ва сангҳои қиматии ҷаҳон аст