Рубрики Хабарҳо

Дар якуним сол 430 нафар худкушӣ кардаанд

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, дар якуним соли гузашта дар кишвар бештар аз 430 мавриди худкушӣ ва қасди худкуширо сабт кардаанд ва дар ин миён мардҳо бештар будаанд.

Бино ба омори расмӣ, ки Радиои Озодӣ ба он истинод мекунад, аз аввали соли 2021 то моҳи июни имсол 228 марди тоҷик қасди ҷони хеш кардаанд ва ё худро куштаанд.

Теъдоди заноне, ки ба истилоҳи мардумӣ аз “зиндагӣ безор” шуда, худкушӣ карда ва ё хостаанд, худро бикушанд, 208 нафар будааст.

Мақомоти расмӣ ва мутахассисон бемориҳои равонӣ, фақру мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷанҷолу моҷароҳои оилавиро сабаби худкушии мардону занони тоҷик медонанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *