Ба гузориши хабаргузори Форс, мардуми Теҳрон ва саросар Эрон баъд аз иқомаи намози ҷумъа, имрӯз, 28 октябр бо баргузории роҳпаймоӣ, ҷинояти террористӣ дар “Шоҳчароғ”-и Шерозро маҳкум кардаанд.
“Мардум Теҳрон ва саросар кишвар дар ин роҳпаймоиҳо зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаи шуҳадои ҳодисаи террористии ҳарам ҳазрати Аҳмад ибни Мӯсо инзиҷор ва танаффур худ аз душманон Эрон исломиро нишон доданд” — менависад ин хабаргузории наздик ба Сипоҳи посдорон.
Гуфта мешавад, раисҷумҳури Эрон ва ҷамъе аз масъулони низомӣ ва кишварӣ низ дар роҳпаймоии имрӯзи Теҳрон ҳузур доштаанд.
Тазоҳуркунандаон дар ин роҳпаймоӣ шиорҳое бо мазмуни “Аллоҳу акбар, ё Ҳусайн, ло Аллоҳ илло Аллоҳ, ё Заҳро”, “Ҳусайн-Ҳусайн шиори мост, шаҳодат ифтихори мост”, “лабайк ё Ҳусайн”, “марг бар Амрико”, “ошубгар — доъишӣ”, “ин ҳама лашкар омода ба ишқ раҳбар омада”, “сипоҳ инқилобӣ интиқом интиқом” сар додаанд.
Гуфтанист, беш аз 40 рӯз аст, ки дар саросари Эрон тазоҳуроти мардум алайҳи ҳукумати Эрон ҷараён дорад. Тазоҳурот баъди марги Маҳмо Аминӣ, як курддухтари боздошшуда шурӯъ шуда, то ҳанӯз беш аз 250 нафар кушта шудаанд.