Рубрики Хабарҳо

Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Эрон барои ҳимояти низомӣ аз Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард

Иттиҳодияи Аврупо рӯзи панҷшанбе таҳримҳои наверо алайҳи Эрон ба далели ҳимоятҳои Теҳрон аз Русия ва Сурия вазъ кард. 

Бино бар тасмими 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо, Эрон иҷоза нахоҳад дошт қатаотеро аз Иттиҳодияи Аврупо ворид кунад, ки метавонад дар тавлид ва сохти паҳподи мавриди истифода қарор бигиранд. 

Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин тадобире барои ҷорисозии маҳдудияти мусофиратӣ ва мусодираи амвол алайҳи афроде, ки масъули барномаи паҳподии Эрон ҳастанд ва ё дар ин барнома нақш доранд, дар назар гирифтааст. 

Дар баёнияи Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо омада, ки дар чаҳорчуби ду риштаи таҳримҳои қаблӣ алайҳи Теҳрон номи шаш фарди эронӣ ба феҳристи таҳримшудагон изофа шудааст. Далели ҷорисозии ин таҳримҳо ҳимоятҳои Эрон аз таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин ва ҳукумати Сурия унвон шудааст. 

Ба гуфтаи Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо Теҳрон бо таҳвили паҳпод ба Русия ва сомонаҳои дифоъи ҳавоӣ ба Сурия аз ин ду кишвар ҳимояти низомӣ мекунад. 

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин бар азми худ барои муқобилаи сареъ бо иқдомҳои Эрон таъкид кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *