Рубрики Хабарҳо

Намояндаи ИА хоҳони кумаки бештари Русия, Чин ва Созмони ҳамкории Исломӣ ба Афғонистон шуд

Намоянди Иттиҳодияи Аврупо барои Афғонистон мегӯяд, ки ин кишвар замистони сахте пеш рӯ дорад ва танҳо 45 дарсад аз кумакҳои дархостшуда ба Афғонистон, таъмин шудааст. 

Томас Николсон аз Русия, Чин ва Созмони ҳамкории Исломӣ хост, ки монанди Амрико ва Бритониё ба мардуми Афғонистон кумак кунанд. 

Николсон, ки тоза аз Кобул баргаштааст, гуфт вазъияти ҳуқуқи башарӣ дар Афғонистон вахим аст. Ў афзуд, ки маҳрум мондани духтарон аз омӯзиш, адами мушорикати сиёсӣ ва иҷтимоии занон, нақзи ҳуқуқи ҳазораҳо, ақаллиятҳои дигар ва маҳдудияти шадид бар озодии баён аз нигаронии ҷиддии Иттиҳодияи Аврупо ба шумор меравад. 

Ӯ бо нигаронӣ аз вазъияти ҳуқуқибашарӣ аз Толибон хост, ки фурсати андак аст бояд иқдом кунад. 

Намояндаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки Толибон дар баробари афзоиши ҳамлаҳои террористӣ қотеъ посух диҳад ва аз ҳамаи шаҳрвандон муҳофизат кунад. 

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Толибон нагузорад, ки хоки Афғонистон таҳдиде ба кишварҳои дигар табдил шавад. 

Томас Николсон афзуд, ки Иттиҳодия мутааҳҳид аст, ки ба Афғонистон кумак кунад ва бар асоси меъёри адами ба расмиятшиносӣ бо Толибон таомул мекунад, ба гуфтаи ӯ нисбат ба бастани дарҳо, ин равише беҳтаре аст. 

Намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар риштаи твитҳояш дар ниҳоят гуфт: “як твитте наметавонд ҷойи як гуфтугӯи созандаро бигирад. Вазъият печидатар аз он аст, ки дар як твитте хулоса шавад.” 

Ӯ аз Толибон хост, ки сиёсати худро тағйир диҳад ва бигузорад занон ва мардон дар мавриди масоили сиёсӣ ҳарф бизананд. 

Намояндаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки дар сафараш ба Кобул бо вазири маориф ва вазири хориҷаи Толибон дидор кардааст аммо дар мавриди дидорҳояш чизе нагуфт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *