Хайрулло Саидов, писарбузурги соҳибкори маъруф, вазири собиқи саноат ва бунёдгузори ҳизби номнависнашудаи “Тоҷикистони нав” Зайд Саид аз гирифтории падараш ба бемории нишонаҳояш шабеҳ ба вируси коруно .
“Дар охирин хабаре, ки аз маҳбас ба мо расид, падарам аз вазъи сиҳатиаш шикоят мекард. Нишонаҳои бемории падарам ба гирифтории коронавирус монанд буд. Болои ин, ахиран дарди меъдааш шиддат гирифтааст” — навиштааст Хайрулло Саидов.
Ӯ аз мақомоти кишвар хостааст ҳарчӣ зудтар падараш ва дигар зиндониёни синнашон аз боло озод намоянд.
“Вобаста ба вазъияти пешомада, аз мақомоти кишвар хоҳиш менамоям, ки синну сол ва гирифтор будан ба дарди меъдаву маълул будани падарамро ба назар гирифта, дар қатори вай зиндониёни синашон аз шаст болоро, ки ба ҷомеа хатаре надоранд, ҳар чи барвақттар озодиашонро фароҳам оваранд. Ҳадди ақал дар чунин вазъияти ногувор мо фарзандон барои муолиҷааш имконият пайдо намоем ё ба беморхонае барои табобат интиқол диҳем” — идома додааст Хайрулло.
Сообщение ПАЁМ.net.