Рубрики Хабарҳо

Эътирози Исломобод ба изҳороти сенатори рус дар бораи ҳамкории атомии Покистону Укроин

Вазорати хориҷаи Покистон рӯзи сешанбе хостори тавзеҳоти Маскав дар мавриди изҳороти Игор Морозов, узви парлумони ин кишвар шуд. 

Морозов муддаӣ шудааст, ки коршиносони укроинӣ ва покистонӣ ахиран рӯйи ҳамкорӣ бар сари технологии тавсеаи таслиҳоти атомӣ дидор карданд. 

Осим Ифтихор, сухангӯи вазорати хориҷаи Покистон дар баёниая гуфт: “мо аз ин изҳороти бепоя ва ғайри воқеӣ шигифтзада шудаем ва онро мухолифи рӯҳияи равобити Покистон ва Русия медонем. Мо аз Маскав хостем то дар мавриди ин гуфтаҳо вазоҳат диҳад.” 

Хабаргузории давлатии риёнуустӣ гузориш дод, ки Игор Морозов, узви кумитаи дифоъи Маҷлиси олии парлумони Русия гуфта, ки ахиран коршиносони укроинӣ ба Покистон сафар намуданд ва рӯйи фановарии тавсеаи силоҳҳои атомӣ баҳс карданд. 

Дар ин авохир мақомоти русӣ пайваста иддао кардаанд, ки Укроин ба думболи сохт ва истифода аз бомбаҳои олуда ба маводи радиоактив аст. Марозов ҳам муддаӣ шуд, ки Укроин тавоноии тавлиди чунин бомбаеро дорад аммо ба иллати мушкилоти молӣ қодир ба тавлиди он нест.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *