Сандуқи ҷамъиятии Созмони милал дар гузорише аз вазъияти мардуми Афғонистон дар замистони пешорӯ ибрози нигаронӣ карда ва гуфта 79 дарсад мардуми ин кишвар сӯхте барои гарм кардани хонаҳои худ надоранд. Ин ниҳод мегӯяд замистони пешорӯ бисёр сард пешбинӣ шуда ва дар чунин шароите буҳрони инсонӣ дар Афғонистон вахимтар хоҳад шуд.
Сандуқи ҷамъиятии Созмони милал мегӯяд 3 миллиону 400 ҳазор нафар дар Афғонистон овора шудаанд ва аксар онҳо дар паноҳгоҳҳои муваққат зиндагӣ мекунанд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, аз онҷое, ки зимистон наздик аст, ҷони бисёр аз онон ҳам дар хатар аст.
Сандуқи ҷамъиятии Созмони милал дар айни ҳол хабар дода, ки ҳамроҳ бо шарикони худ ба хонаводаҳои осебпазир дар Афғонистон кумак мекунанд то зинда бимонанд.
Тибқи гузориши ин ниҳод, қарор аст ба зудӣ ба хонаводаҳои осебпазир дар Афғонистон кӯрпа ва васоили гармоишӣ тақсим шавад.
Толибон то кунун дар мавриди тадобири лозим барои беҷошудагон ва ниёзмандони Афғонистон дар замистони пешорӯ чизе нагуфтаанд.