Самандар Муродов, варзишгари муваффақи тоҷик дар риштаи ММА соҳиби хонаи истиқоматӣ шуд. Соҳибкор Саидҷон Холов ба ӯ хонае дар маҷмааи истиқоматии «Себистон-2018»-ро тӯҳфа кардааст.
Баъди пирӯзӣ бар Ҷиан Сикуэйраи бразилӣ дар мусобиқаи «Роҳ ба UFC» Самандар ба Тоҷикистон баргашт ва дар Душанбе соҳиби хона шуд. Дар ин бора пойгоҳи Sport in Tajikistan хабар медиҳад.
«Ҳоло Самандар ҷои зист дорад ва оромона ба тамрин меравад», — омадааст дар хабар.
Гуфтанист Самандар дар баробари Нурулло Алиев ва Муин Ғафуров довталаби шартнома бо UFC мебошад. Ҳанӯз маълум нест кадоме аз инҳо аввалин шуда ба шарнома бо UFC даст меёбад ва дар он қувваозмоӣ хоҳад кард.
Самандар Муродов соли 2018 вориди варзиши калон шуд. Ӯ дар вазни 77 кг баромад мекунад. Дар ин вазн ӯ қаҳрамони Eagle Fighting Championship (EFC), як ширкати промоутерӣ оид ба муҳорибаҳои омехта мебошад, ки соли 2020 аз ҷониби Ҳабиб Нурмагомедов таъсис ёфтааст.