Мавлоно Абдулҳамид дар вокуниш ба ҳамла ва қатли чанд рӯҳонии суннӣ ва шиа тайи рӯзҳои ахир дар шаҳрҳои Гунбади Ковус ва Машҳад гуфт, ин ҳаводис набояд мунҷар ба даргирии қавмӣ ва мазҳабӣ шавад. Мақомоти эронӣ дар бораи ангезаи ин қатлҳо ҳанӯз тавзеҳ надодаанд.
Мавлоно Абдулҳамид, имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон бо интишори паёми видеоӣ дар канали телеграми худ нисбат ба ҳамла ва қатли рӯҳониёни суннӣ ва шиа дар Эрон ҳушдор дод ва гуфт, мардум бояд дар иртибот бо эҷоди мушкилоти мазҳабӣ «бедор” бошанд. Абдулҳамид таъкид кард, даргириҳои қавмӣ ва мазҳабӣ бадтарин навъи даргириҳои дунё аст ва дар Эрон набояд ихтилофоти дохилӣ эҷод шавад.
Имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон дар идома бо ишора ба қатли ду рӯҳонии суннӣ дар устони Гулистон ва як рӯҳонии шиа дар Машҳад, хотирнишон кард: “Мо ин ҷиноётро ба шиддат маҳкум мекунем. Ҳеҷ касе ҳаққи қатли худсаронаи касеро надорад. Агар касе аз касе шикоят дорад, қонун ва додгоҳ ҳаст ва ӯ бояд ба қонун муроҷиа кунад. Ба ҳеҷ баҳонае ин навъи қатлҳо аз лиҳози шаръӣ ва қонунӣ муҷоз нестанд”.
Ҳанӯз бисёре аз ҷузъиёти ҳамла ба се талаба дар Машҳад равшан нашуда аммо мақомҳои маҳаллӣ ва додситонӣ гуфтанд, ҳамлакунанда “тафаккуроти такфирӣ” дорад. Рӯзномаи Кайҳон навишт, аз ҳодисаи Машҳад бӯи як тавтеа ва “тафриқаафкании байни шиа ва суннӣ” ба машом мерасад.
Мавлоно Абдулҳамид дар бахши дигаре аз суханони худ Эрон ва Афғонистонро ду кишвари дӯст номид, ки дорои муштаракоти таърихӣ ва фарҳангӣ ҳастанд.
Ӯ афзуд: “Вақте фарде коре анҷом медиҳад, натоиҷи он ба як миллат барнамегардад, бояд баррасӣ шавад, ки ӯ ҷунун ё девонагӣ дошта ё ба ҷараёни ифротӣ вобаста буда, ё чӣ чизе сабаб шуда, ки ӯ даст ба ин ҷиноят бизанад.”
Абдулҳамид аз дастгоҳҳои амниятӣ ва иттилоотии Эрон хост, ҳаводиси Гулистон ва Машҳадро решаёбӣ кунанд ва мардумро дар ҷараён бигузоранд.
Дастгирии як гумонбар дар парвандаи қатли ду рӯҳонии туркман
Ду рӯҳонии аҳли суннати туркман рӯзи якшанбе, 3 апрел тавассути фард ё афроди ношинос ба зарби гулӯла ба қатл расиданд.
Хабаргузории ИСНО бар асоси гузориши манобеъи маҳаллӣ навишт, қатли ин ду рӯҳонии аҳли суннат ба номҳои “Гулмуҳаммад Охунд Пажмон” ва “Абдураҳмон Охунд Хуҷа” пеш аз баргузории “намози таровиҳ” сурат гирифтааст.
Веб-сайти маҳаллии “Туркмен-Нюс” ба нақл аз Ҳайдар Осиёбӣ, раиси кулли додгустарии Гулистон аз дастгирии як гумонбар дар робита бо қатли ин ду рӯҳонӣ хабар додааст.
Бо гузашти панҷ рӯз аз ин ҳодиса мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ ҳанӯз дар бораи иллати қатлҳо равшангарӣ накардаанд.
Вазъияти рӯҳонён ва пайравони аҳли суннат дар Эрон ҳамвора мавриди интиқод ва эътироз будааст.
Дар охирин маврид, соли гузашта Мавлави Муҳаммадҳусайн Гургиҷ, рӯҳонии аҳли суннати Озодшаҳр дар устони Гулистон пас аз суханоне дар бораи насаби имоми чаҳоруми шиъаён, аз суи намоянда вале фақеҳ барканор шуд.
Ин иқдом боиси бурузи эътирозоти аҳли суннат дар устони Гулистон шуд.