Муовини вазири дифоъи Русия Александр Фомин, дар нишати матбуотӣ, ки дар ҳошияи гуфтугӯи сулҳ байни Русияву Укроин дар Истамбул баргузор гардид аз ақабнишинии нерӯҳои рус дар самти Киеву Чернигов хабар дод.
Ӯ гуфт «бо дарназардошти масоили баррасишуда дар вохӯрии имрӯза, ба хотири болобарии боварии байниҳамдигарӣ ва заминасозӣ барои гуфтугӯҳои ояндаву расидан ба ҳадафи ниҳоӣ, қарор шуд фаъолияти низомӣ дар самтҳои Киев ва Чернигов шадидан кам карда шавад».
Қаблан Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия, гуфта буд ҳадаф ва тамаркузи аслии Маскав аз амалиёти низомӣ дар Укроин “озодсозӣ”-и минтақаи Донбасс дар шарқи ин кишвар аст.
Шойгу, ки ғайбати ӯ дар ҳафтаҳои ахир хабарсоз шуда буд дар дидор бо мақомоти аршади низомии Русия гуфт: “Дар маҷмӯъ вазифаҳои марҳалаи аввали амалиёт иҷро шудааст”.
Ин барои дувуминбор тайи рӯзҳои ахир аст, ки мақомоти низомии Русия аз тағйири стратегия дар Укроин сухан ба миён меоваранд. Пештар Сергей Рудской, раиси идораи кулли амалиёти ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия, изҳороти мушобеҳиро баён карда буд.
Ин дар ҳоле аст, ки дар ибтидои амалиёти низомии Владимир Путин раисҷумҳури Русия гуфта буд, ки “тағйиои ҳайати ҳокима” (иборате, ки умуман ба тағйири режими таъбир мешавад) ангезаи аслии ҳамла ба Укроин будааст.
Эълони ақабнишинии нерӯҳои рус сооте пас аз аври ҷадиди музокироти сулҳ дар Истамбули Туркия садо дод.
Ҷанг дар Укроин дар ҳоле дувумин моҳи худро сипарӣ мекунад, ки раванди пешравии нерӯҳои муҳоҷими русӣ дар мувоҷиҳа бо муқовамати шадиди укроиниҳо мутаваққиф шудааст ва нерӯҳои артиши Русия умдатан бар мушакборон ва бомбаборони манотиқ аз роҳи дӯр тамаркуз кардаанд.
Ҳамзамондлонҳои башардӯстонае, ки барои тахлияи ғайринизомиёни муҳосирашуда дар шаҳрҳо пешбинӣ шуда буд, ба далели гулӯлаборонҳо ғайри қобили истифода мондаанд ва ҳазорон нафар бо камтарин имконоти ғизоӣ мунтазири хурӯҷ ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол миллионҳо нафар хонаҳои худ дар Укроинро тарк кардаанд, ҳазорон ғайри низомӣ ва низомӣ дар даргириҳо кушта шудаанд ва вайрониҳои густурдае ба ҷо мондааст.
Гуфтугӯҳои ҷадид миёни Русия ва Укроин рӯзи сешанбе дар шаҳри Истамбули Туркия дар шароите оғоз шуд, ки умедҳо барои расидан ба оташбас камранг шуда буд.
Даври қаблии музокирот дар 10 март дар сатҳи вазирони хориҷа дар ҳамин шаҳр баргузор шуд аммо бенатиҷа поён ёфт. Аз он замон ба ин су музокирот миёни тарафайн ба сурати видео конфронс идома ёфтааст.
Гуфтугӯҳо миёни тарафайн дар ҳоле анҷом мешавад, ки дар замини набард Русия гуфта қасд дорад талошҳояшро барои таҳкими манотиқи таҳти контрол дар шарқи Укроин (дар минтақаи умдатан русизбони Донбасс) мутамаркиз кунад. Дар сӯи муқобил нерӯҳои укроинӣ шурӯъ ба бозпасгирии шуморе аз мавозеъ дар чандин шаҳри калидӣ кардаанд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, рӯзи якшанбе гуфт: “Тазмини амниятӣ, эъломи бетарафӣ ва вазъияти орӣ аз силоҳи ҳастаӣ дар Укроин” аз масоили калидӣ дар музокирот ба шумор мераванд. Вай бо ин ҳол Владимир Путин ва атрофиёнашро ба “канор гирифтан” аз музокираи ҷиддӣ ва амиқ муттаҳам кард ва гуфт дар ҳар сурат ҳар тавофуқе, ки бар сари масоил ба даст ояд бояд дар Укроин ба референдум гузошта шавад.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, рӯзи душанбе гуфт пешрафти қобили таваҷҷуҳе дар музокирот ба даст наомадааст. Ин дар ҳоле аст, ки Дмитрий Кулбо, вазири хориҷаи Укроин гуфтааст “мо бар сари мардум, сарзамин ё ҳокимиятамон муомила намекунем.”