Рубрики Хабарҳо

15 миллиарди Мирзиёев ва НБҲ-и Путин

Қарор аст Владимир Путин раисҷумҳури Русия зимни сафараш ба Ӯзбекистон сохтмони нахустин неругоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Марказиро оғоз бахшад.

Ин нерӯгоҳ, ки дар наздикии обанбори Тудакулт Бухоро бунёд мешавад аз ду блоки энержӣ иборат буда, иқтидористеҳсолиаш ба 2300 МВт баробар хоҳад буд. Ин миқдор барқ 20% талаботи Узбекистонро таъмин мекунад. Мақомоти Ӯзбекистон мегӯянд, неругоҳи ҳастаӣ то 4 миллиард метри мукааб гази табииро сарфа намуда, солона то 600 миллион доллар даромад хоҳад овард.

Баъди сари қудрат омадани Мирзиёев муносиботи кишвараш бо кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия бо шиддат рушд мекунад. Аз ҷумла зимни сафари Мирзиёев ба Русия дар моҳи апрели соли 2017 ин ду кишвар созишномаҳои бузурге ба маблағи 15 миллиард доллар ба имзо расониданд, ки бештари он ба сармоягузорӣ дар Ӯзбекситон бастагӣ дорад ва дар ҳоли амалӣ шудан аст.

Яке аз ин созишномаҳо ифтитоҳи долони сабз барои меваву сабзавоти Ӯзбекистон буд, ки боис гашт содироти ин намуди маҳсулот аз Ӯзбекистон ба Русия дар 6 моҳи соли ҷорӣ беш аз 70 дарсад афзоиш ёбад.

Созишномаҳо бахши ҳарбиро ҳам дар бар гирифтанд, ки тибқи он Русия ба Ӯзбексистон чархболҳои МИ-35 содир хоҳад кард.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *