Рубрики Хабарҳо

Шоҳиён ба додрасҳо супориш дод иҷрои қонуни афвро зери назорат гиранд

Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ба  раисони додгоҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дод, ки баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» татбиқи онро таҳти назорати қатъӣ қарор дода,  риояи ҳатмии талаботи Қонуни мазкурро ба роҳ монанд.

Ин нуктаро Шермуҳаммад Шоҳиён дар маҷлиси васеъ, ки дар он фаъолияти мақомоти судӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 натиҷагирӣ гардид, зикр кардааст.

Дар ҳамоиш нисбат ба ин масъала ба додрасҳои додгоҳҳои ҷумҳурӣ маълумот дода шуда, зикр гардид, ки дар лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо карда истодаанд, пешбинӣ гардидааст.

Аз рӯи маълумоти пешакӣ, Қонуни мазкур баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтан нисбат ба зиёда аз бист ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад.

Афвро коршиносон “фурсати тиллоӣ” барои додрасҳо, додситонҳо ва зиндонбонҳо унвонгузорӣ кардаанд. Бо истифода аз ин фурсат онҳо аз ҳазорҳо нафар ришва меситонанд, то номашонро вориди рӯйхати афв созанд. Ҳарчанд қонун муайян кардааст киҳо бояд шомили ин рӯйхат шаванд, мақомот баҳонаҳое баои ситонидани ришва падо мекунанд.

Гуфтанист, 16 раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *