Рубрики Хабарҳо

Артиши Укроин аз пешравӣ дар минтақаи стратегии ҷанубу шарқ хабар дод

Укроин рӯзи сешанбе эълом кард, ки нерӯҳояш вориди рустои стратегии Риботин дар ҷанубу шарқии ин кишвар шудаанд. Вуруди ин нерӯҳо ба рустои Риботин як пешравии қобили таваҷҷуҳ дар зиддиҳамла алайҳи нерӯҳои русӣ аст. 

Анна Маляр, муовини вазири дифоъи Укроина, гуфтааст сарбозони ин кишвар пас аз вуруд ба ин русто бо ин ки зери оташи нерӯҳои русӣ қарор доштанд, дар ҳоли созмондеҳии тахлияи ғайри низомиён дар ин минтақа буданд. 

Генерал Александр Тарновский, фармондеҳи нерӯҳои укроинӣ, дар телеграм бо интишори тасвири сарбозе дар як танк навишт: “сарбозони мо дар рустои Риботин.” 

Рустои Риботин дар 10 километрии ҷануби шаҳри Орехов дар устони Запороже ва дар ҷодае, ки ба самти Токмак кашида шудааст, қарор дорад. Дар наздикии ин минтақа як ҷода ва маркази роҳи оҳани таҳти ишғоли Русия қарор дорад. 

Бозпасгирии минтақаи Токмак дар ҳоле, ки нерӯҳои укроаинӣ ба самти ҷануб ва дарёи Азов дар ҳоли пешравӣ ҳастанд, нуқтаи атфе барои укроиниҳо дар ҷанг алайҳи Русия аст. 

Муассисаи мутолиоти ҷанг, ки як гурӯҳи таҳқиқотӣ ва андешкадаи амрикоӣ аст, ҳамалоти Укроин ба Риботинро аз назари тактикӣ муҳим тавсиф кард ва мегӯяд пешравӣ дар ин минтақа метавонад нерӯҳои укроиниро қодир созад то фаротар аз майдонҳои мингузорӣ шудаи Русия пеш бираванд. Ин майдонҳои мин боиси таваққуфи зиддиҳамлаи Укроин шуда буд, ки дар авоили июн оғоз шудааст. 

Артиш пас аз вуруд ба ин русто видеоҳоеро аз мардуми минтақа мунташир кард, дар яке аз ин филмҳо зане дар ҳоли бӯсидани як сарбози укроинӣ дида мешавад. 

Ин зан дар ин филм мегӯяд “фишори равонии зиёде рӯйи мо буд, мо хеле мунтазир ин рӯз будем. Ин рӯз ба таври ғайримунтазирӣ омад. Наметавонам бовар кунам. Мо аз писаронамон (нерӯҳои низомӣ) бисёр сипосгузорем”. 

Ҳарчанд таърихи филмбардории ин видео мушаххас нест аммо Рейтерз асри сешанбе эълом кард, ки тавониста макони ин филмҳоро аз тариқи тарҳи ҷода ва мавқеияти сохтмонҳо бо тасовири моҳвораии минтақа мутобиқат диҳад ва онро таъйид кунад. 

Аз сӯи дигар, артиши Бритониё имрӯз эълом кард, ҳамлаи паҳподии ахир ба фурудгоҳе дар Русия ба эҳтимоли зиёде як бомбафкани мофавқи савтии дурбурди  TU-22M3-ро ноубд кардааст. Маскав, Укроинро муқассири ин ҳамла медонад. 

Киев, ки рӯзи душанбе иддао кард ба як фурудгоҳи низомии русӣ ҳамла кардааст, мегӯяд Маскав аз TU-22M3 барои бомбаборони аҳдоф дар саросари Укроин истифода кардааст. Коршиносони низомии ғарбӣ мӯътақиданд Русия ҳудуди 60 фурванд аз ин ҳавопайморо дар ихтиёр дорад. 

Вазорати дифоъи Русия рӯзи шанбе эълом кард, ки як фурудгоҳи низомӣ дар минтақаи Новгород мавриди ҳамлаи як ҳавопаймои бидуни сарнишини укроинӣ қарор гирифта ва як ҳавопаймо низ осеб дидааст. Онҳо аммо ҷузъиёти бештаре дар ин робита ироа накарданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *