Рубрики Хабарҳо

Ҷабборов дар парад танҳо нест —Раҳмон ба Маскав рафт

Раисҷумҳур Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 8 май ба Маскав парвоз кард. Дафтари матбуотиаш сафари ӯро «боздиди корӣ», унвон карда, ҳамчунин хабар додааст ӯ дар ҷашни бахшида ба 78-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ иштирок кунад.

Қаблан дар гуфтугӯи телефонӣ, ки маълум нест бо ибтикори кадом тараф сурат гирифта, Путин аз Раҳмон даъват карда буд дар ҷашни Рӯзи Ғалаб ширкат кунад. Аммо то охирин лаҳза қабул кардан ё накардани Раҳмон аз ин даъват махъум набуд.

маИмрӯз Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, низ қарор аст ба Маскав биравад. Аз ӯ ҳам Владимир Путин даъват кардааст.

Дирӯз Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, низ вориди Маскав шуд ва қарор аст то 9 май онҷо монда, дар ҷашн ширкат кунад.

Даъвати 3 раҳбари «кишварҳои дӯст»-и Русия ба ҷашн дар ҳолест, ки қаблан Дмитрий Песков, сухангӯйи Путин гуфта буд, ки касеро даъват накарданд.

Ширкати 3 раҳбар дар ҷашни Маскав дастовард аст, чун дар паради низомии Маскав дар соли 2022, ки баъди 3 моҳи ҳамлаи Русия ба Укроин баргузор шуд, ягон раҳбари хориҷӣ ҳузур надошт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *