Categories Хабарҳо

Намоише, ки алайҳи коргардон тамом шуд. Ё эътирофи Раҳмон ба чанд ҷиноят

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук, ки рӯзи ҷумъа, 10 май баргузор гардид, бештар як шоу буд, ки ба хотири намоишаш ҳатто шабакаҳои иҷтимоиро боз карданд. Зоҳиран ҳадафи мақомот аз ин намоиш тақвияти ҳамон афсонаи кӯҳнаи “шоҳи хуб ва атрофиёни бад” буд. Аммо натиҷаи комилан баръакс дод.

Ин намоиш ду натиҷаи қобили таваҷҷӯҳ дошт, ки нодида гирифтанаш ҳатто аз тарафи ҳукумат ғайриимкон аст:

  1. Мардум дигар ба афсонаҳо бовар надорад

Ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ки ташаккулаш ҳарчӣ бештар суръат мегирад ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи бесобиқае ба ин вохӯрӣ нишон доданд, дар ҳоле, ки қаблан ин гуна вохӯриҳову нишастҳо ва маҷлисҳои ҳукумат бидуни кадом таваҷҷӯҳи ҷомеъа ва корбарони интернет фаромӯш мешуданд.

Вокуниши мардум ба ин вохӯрӣ комилан баръакси он шуд, ки мақомот интизорашро доштанд. Ҳазорҳо нафар рӯзи саввум аст, ки ин шоуро муҳокима мекунанд. Ба назар мерасад афсонаи “шоҳи хуб ва атрофиёни бад” ҳам ба поёни худ расидааст — аз баҳсҳо хулоса мешавад, ки дигар касе ба он бовар надорад. Хулосаи ягонае, ки аз баҳсҳо дар шабакаҳо мешавад гирифт ин аст, ки “бале, атрофиёни шоҳ баданд, аммо худ шоҳ бадтар”. То имрӯз ҳеҷ баҳсе ва ҳеҷ амалкарди раисҷумҳури Тоҷикистон ба ин ҳад вокуниши манфии ҷомеъаро ба бор наоварда буд.

Албатта аз имрӯз “фабрикаи ҷавоб” ба кор оғоз мекунад ва хоҳад кӯшид афсонаро дубора тақвият диҳад. Мониторинги шабакаҳои иҷтимоиро ҳам беҳтар аст рӯзҳои истироҳат анҷом дод — ин рӯзҳо фабрикаву соҳибонаш истироҳат доранд ва ҳарчӣ дар шабкаҳо навишта мешавад худҷӯш ва самимист.

2. Эътирофоти зимнии раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҷиноятҳои худаш

Зимни сӯҳбатҳои бидуни қоғазаш Эмомалӣ Раҳмон ба чанд ҷинояти худаш зимнан иқрор кард.

а) Дасти мустақим доштан дар фасод

Раисҷумҳури Тоҷикистон эътироф кард, ки медонад кадом корманди гумруку андоз чӣ қадар қасру хона ва мошину зан дорад. Ӯ гуфт “корманди гумрук ду сол кор накарда 10-15 хона, 6-7 мошини хориҷии нархаш 80 000 доллар, 3-4 зан мегирад”. Ҳамчунин қайд кард: Дар дасти ман расми хонаву моликияти кормандони гумруку андоз ҳамаш ҳаст аз худат сар карда зоҳиран ба Нусратулло Давлатзода муроҷиат мекард). Мегӯед бюджет иҷро нашуд, ин қаср аз куҷо пайдо шуд?

Раҳмон ҳатто дар куҷо қасру хона доштани кормандони ин ду мақомотро зикр кард: «Дараи Ромит меравед, ин қаср аз кӣ аст, аз фалон корманди гумрук. Дар Қаротоғ қатор-қатор қасрҳо, аз кӣ аст, аз кормандони гумрук, корманди андоз. Дар Варзоб аз кӣ аст, аз кормандони гумрук”

Ӯ ҳамчунин эътироф кард, ки аз ҷой доштани фасод дар сохторҳо на танҳо баъди собит шудану дастгир шудани нафаре хабар меёбад, балки аз ҷараёни он бохабар аст. Раҳмон дар бораи сохтмони бинои беморхонаи Истиқлол ҳарф зад ва гуфт “ман ду бор рафта дидам, баръало маълум буд, ки изофанависӣ ҳаст. Масолеҳи пастсифат истифода мешавад”. Ҳамчунин қайд кард “ба ман чанд шикоят омад, ки намояндагони палатаи ҳисоб барои рӯпӯш кардани ин ҷиноят 250 000 гирифтанд, баъд агентии коррупсиро фиристодам, ба онҳо 400-500 ҳазор пешниҳод карданд”.

Раисҷумҳур донистанҳояшро бо далел ҳам собит кард. Ӯ Шаҳбоз Раҷабзода, сардори терминали гумрукии «Душанбе-1” — ро назди баландгӯяк хонд ва собит кард, ки дар куҷо хонданаш, чанд хонаву мошин ва ҳатто дар хориҷа пул доштанашро медонад.

Ягона хулосае, ки дилхоҳ муфаттиш, таҳлилгар ва ҳатто мардуми оддӣ аз ин эътирофоти раисҷумҳури Тоҷикистон мебарорад ин аст, ки худи ӯ дар тамоми ин чноятҳо ҳамдаст аст. Вагарна, чаро ин ҳама фасодкору порахӯр, ки адади хонаву мошин ба ҳатто шумори занҳояшонро раисҷумҳур медонад, то ҳанӯз дар мақомот кор мекунанд? Далели дигари даст доштанаш ҳам ин аст, ки вақте дар бораи қасру хонаҳои кормандони андозу гумрук ар Қаратоғу Варзобу Ромит ҳарф зад, ба ҳеҷ мақоме супориш надод, ки онҳоро тафтиш кунанд, балки танҳо гуфт “набароетон аз доираи қонун”.

е) Хешутаборчигӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин эътироф кард, ки хешутаборчигӣ дар ҳукуматаш шарти аввали таъини кадрҳост. Ӯ гуфт «Кадрҳо на аз лиҳози касбият, фақат аз лиҳози кӣ хешу табори кӣ аст, таъйин карда мешаванд. Маълумоташро ҳам нигоҳ намекунанд, саводашро ҳам намепурсанд”.

Ӯ ҳамчунин дар хитоб ба кормандони гумрук гуфт “ягонтоат бекас нестед”. Яъне Эмомалӣ Раҳмон амалан иқрор кард, ки медонад тамоми кормандони гумрук тавассути хушутаборчигӣ ба кор қабул ва ба мансабҳо таъин гардидаанд. Медонад, аммо чорае намебинад. Чаро? Зеро ин корро худа асос гузоштааст ва ҷузъе аз сиёсатҳои худаш аст.

Барои мисол:

  1. Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон  Каримзода Хуршед Абдураҳмон писархолаи Эмомалӣ Раҳмон аст;
  2. Ҷонишини сардори Хадамоти гумрук Ҳурматов Иззатулло Зарифович домоди Нуриддин Раҳмонов, бародари раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад;
  3. Ҷонишини дигари сардори Хадамоти гумрук Сафаров Хуршед Шералиевич писари Шералӣ Сафар, собиқ чонишини вазири молия ва ҳамсояву дӯсти Эмомалӣ Раҳмон аст. Худи Хуршед аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ маҳсуб мешавад;
  4. Сардори Раёсати мубориза бо қочоқи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон Раҳимов Раҳмонқул Ҳамроевич бародари вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳим аст.

ё) Бохабар будан мушкилот ва маводҳои интернетӣ

Замоне, ки қимати интернетро боло бурданд ва мардум ба шӯр омад, Эмомалӣ Раҳмон қарори Агенти мубориза бо коррупсияро оиди боло бурдани қимати интернет баъди як ҳафтаи амалӣ шудани он бекор кард. Ва талаб кард ҳамаи онҳое, ки дар ин кор даст доранд ҷазо дода шаванд. Аммо танҳо як нафар — сардори агентӣ “ҷазо” гирифт: Ӯ ба мансаби болотар рафт. Сухангӯи раисҷумҳур Абдуфаттоҳ Шарифзода изҳор кард, “пешво” аз қарори Агентии мубориза бо коррупсия дарак  надошт.

Дар ҳамин ҳол зимни мулоқот бо кормандони Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук раисҷумҳур эътироф кард, ки аз мушкилоти мардум ва маводҳои нашрмешуда дар интернету шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дорад. Ӯ гуфт: Мисле ки дар ноҳияи Шаҳритӯс партофтанд ахиран дар Интернет. Тамошо кардед? Корманди андоз ба ҷони мардум расидагӣ!

Ин эътирофи Эмомалӣ Раҳмон бори дигар афсонаи “шоҳи хуб ва дарбориёни бад”-ро зери суол бурд. Ва ин хулоса ҳам дақиқ шуд, ки бале, дардориён баданд, аммо шоҳ бадтар аз онҳост!

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *