Рубрики Хабарҳо

ФАРЗАНДОНИ ПАЁМБАР

Ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам танҳо ҳидоятгару роҳнамои мардум набуданд. Илова бар паёмбарӣ ҳамсари меҳрубон ва падари дилсӯз низ буданд.

Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ҳамаги ҳафт фарзанд доштанд. Се писар ва чаҳор духтар. Шаш нафари онҳо аз ҳамсарашон Хадиҷа разияллоҳу анҳо ва танҳо як нафар Иброҳим аз уммулмуъминин Морияи Қибтия мебошанд.

Фарзанди калонии Паёмбар Қосим ном дошт, аз ин рӯ паёбарро бо лақаби Абулқосим мешинохтанд. Қосим дар кӯчаки аз дунё гузашт. Вақте Қосим вафот карда буд, паёмбар ҳанӯз мабъус нагашта буданд.

Зайнаб фарзанди дуввумин ва духтари калонии Паёмбар мебошад. Ҳамроҳи дигар аъзои оила ба паёмбарии падар имон оварда мусалмон мегардад, аммо ба Мадина ҳамроҳи мусалмонон ҳиҷрат намекунад, балки каме дертар аз дигарон ҳиҷрат мекунад. Шавҳари Зайнаб Абулос ибни Рабеъ буд. Зайнаб соҳиби духтарчае буд, ки Умома ном дошт. Худи ҳамин Умомаро Расулаллоҳ ба оғӯш гирифта намоз мегузоштанд. Зайнаб соли ҳаштуми ҳиҷрӣ се сол пеш аз Падари худ Расули акрам аз дунё мегузарад.

Руқая фарзанди севвумини Расулаллоҳ мебошад. Ҳамсари Усмон ибни Авфон саҳобии ҷалил ва севвумин хулафои Рошидин. Ҳамроҳи Усмон ба Ҳабаша ҳиҷрат мекунанд, сипас ба Мадина. Дар Мадина пас аз ғазваи Бадр дар ҳоле, ки хеле ҷавон буд, вафот мекунад. Зайнаб аввалин ҷигарбанди Паёмбар, ки дар ҳиҷрат аз дунё меравад.

Умму Кулсум фарзанди чаҳоруми Паёмбар мебошад. Пас аз марги Руқая ба ҳамсарии Усмон ибни авфон разияллоҳу анҳу мебарояд, аммо дере нагузашта Умму Кулсум низ вафот мекунад. Вафоти Умму Кулсум ду сол пеш аз марги Паёмбар буд.

Фотима фарзанди панҷуми Расулаллоҳ ва кӯчактран духтарашон мебошад. Ҳамсари Фотима Али разияллоҳу анҳу мебошанд. Фотима модари ду имом ду сарвари ҷавонони Биҳишт Ҳасан ва Ҳусен мебошад. Фотима ба падари худ хеле монанд буданд. Вақте Фотима ба зиёрати падар меомад, Расулаллоҳ дар ҳол аз ҷой бархеста духтараки худро марҳабо гӯён пешвоз мегирифтанд. Фотима ягона фарзандест, ки пас аз падари худ аз дунё меравад. Он ҳам танҳо пас аз шаш моҳ ва дар овони  ҷавонӣ.

Абдуллоҳ кӯчактарин фарзандест, ки аз Хадиҷа ба дунё омадааст. Абдуллоҳ пас аз беъсати Паёмбар ба дунё меояд, аз ин рӯ лақаби таййиб ва тоҳирро дошт. Аммо Абдуллоҳи Муҳаммад низ умри зиёд надида, ҳанӯз дар кӯдаки аз дунё меравад.

Аз ҳама фарзанди кӯчаки Паёмбар Иброҳим мебошад. Иброҳим ягона фарзандест, ки аз Мория разияллоҳу анҳо ба дунё омадааст. Иброҳим дар якуним солагӣ вафот мекунад. Паёмбар бо ашкҳои резону дили пур аз ғам тифлаки худро ба хок месупоранд.

Вақте ба ҳаёти фарзандони Паёмбар нигоҳ мекунем, мебинем, ки яке паи ҳам аз дунё рафтаанд. Паёмбари акрам шаш фарзанди худро ба дастони худ ба хок супориданд. Ҳамагон медонем, ки сахттарин мусибат барои инсон марги фарзанд мебошад. Фарзанде, ки ҳануз чизе надида аз дунё меравад. Яке дар кӯдакӣ, дигаре дар ҷавонӣ. Ҳама аз паи ҳамдигар. Аммо ин мусибатҳо камари Паёмбарро намешиканад, баръакс ин мусибатҳо сабаб мегардад, то Паёмбар донанд, ки дунё ба касе вафо намекунад, ҳама инҷо меҳмон ҳастем, зуд ё дер ба ватани аслии худ бар мегардем. Бо мушоҳида кардани ҳаёти паёмбар ҳамчун як падари шаш фарзанди худро ба хок супорида, мо беҳтарин дарси сабр меомӯзем. Дар вақти аз даст додани азизон Расулаллоҳро ба хотир меорем. Агар дунё ба касе вафо мекард, ҳақдортарин шахс ба неъматҳои дунё Расулаллоҳ буданд. Худро ба дунёи абадӣ омода кунед. Дунёе, ки неъматҳои фаровон дорад ва интизори собирон мебошад.

Муслимаи Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *