Раиси ситоди кулли нируҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо вазири дифои Қирғизистон гуфтааст, ки “паҳподҳои ирсолшуда ба Тоҷикистон таҳоҷумӣ нестанд” ва ҳангоми муноқишаи марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон, ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон гуфтааст, ки аз паҳподҳои эронӣ дар ин муноқиша истифода накунад.
Тавре хабаргузории ва дигар расонаҳои иронӣ иттилоъ додаанд, сардори сарлашкари посдори Эрон, Муҳаммади Боқирӣ ба вазири дифоъи Қирғизистон гуфтааст, ки Эрон омодаи ҳалли ихтилофоти Қирғизистон ва Тоҷикистон аст.
Сарлашкар Боқирӣ дар ин гуфтугӯ омодагии Эронро барои тавсеаи ҳамкориҳои дифоӣ дар абъоди мухталифи омӯзишӣ, амалиётӣ ва иттилоотӣ изҳор кардааст.
Ҳамчунин Боқирӣ гуфтааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора барои ҳаргуна кумак дар ҷиҳати ҳалли мусоламатомез ва ҷилавгирӣ аз ҳаргуна даргирӣ омода аст.
Сарлашкар Боқирӣ роҷеъ ба мавзӯи истеҳсоли паҳподҳои эронӣ дарТоҷикистон гуфтааст, ки “паҳподҳои абобили-2 сирфан дорои қобилияти шиносоӣ мебошанд ва ин гуна паҳподҳо муҷаҳҳаз ба таслиҳот ва таҷҳизоти таҳоҷумӣ намебошанд ва дар даргирии марзӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистон бо Тоҷикистон, ҷумҳури исломии Эрон ҳамвора дар хусуси истифода нашудани онҳо дар муноқишаҳо байни ду кишвар ба нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таъкид кардаанд”.