Рубрики Хабарҳо

Кумитаи низомии СПАД рушди ҳамкориҳои низомии кишварҳои узвро баррасӣ кард

Кумитаи низомии СПАД рушди ҳамкориҳои низомии кишварҳои узви ин созмонро баррасӣ кард

Имрӯз ҷаласаи 21-уми Кумитаи низомии СПАД, рушди ҳамкориҳои низомии кишварҳои узви созмонро тавассути видеоконфронс баррасӣ кард.

Тавре дафтари матбуоти ин созмон медиҳад, дар ҷаласа сардорони ситодҳои генералии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. Ҳамчунин сардори ситоди муштараки СПАД, генерал-полковник,  Анатолий Сидоров, , ва муовини дабири кулли СПАД Тоҳир Хайруллоев ҳузур доштанд. 

Дар мулоқот чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти ҳарбӣ дар минтақаҳои амниятии СПАД ва чораҳои мубориза бо онҳо баррасӣ шуд. 

Сардори ситоди муштараки СПАД генерал-полковник Анатолий Сидоров дар бораи рушди нерӯи посдори сулҳи СПАД, аз ҷумла ҳамгироии он ба фаъолиятҳои посдори сулҳи Созмони Милал гузориш дод. 

Манбаъи хабар менависад, “зимни маърӯза зикр гардид, ки ворид намудани нерӯи сулҳпарварии Созмон ба фаъолиятҳои сулҳпарварии СММ яке аз муҳимтарин вазифаҳоест, ки дар Стратегияи СПАД барои давраи то соли 2025 пешбинӣ шудааст. 

Дар хабар омадааст, “бо мақсади такмили тартиби пайвастани нерӯҳои сулҳи СПАД ба амалиёти посдори сулҳи Созмони Милали Муттаҳид 16 сентябри соли 2021 сарони кишварҳои узви СПАД Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома дар бораи фаъолияти сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро ба имзо расониданд. 

Дар поёни муҳокима ба Ситоди муштараки СПАД супориш дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо вазоратҳои дифоъи кишварҳои узви СПАД феҳристи майдончаҳои омӯзишӣ ва марказҳои таълимии аз ҷониби кишварҳои узви СПАД ҷудошуда барои ташаккул, омодагӣ ва муттаҳидсозии ҳайати дастаҷамъонаро таҳия намояд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *