Рубрики Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон аз феҳристи “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2023” берун шуд

Пажуҳишгоҳи исломии Уммон Эмомалӣ Раҳмонро ин дафъа аз феҳрасти ҷадиди “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2023” берун кард. 

Ба нави “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2023” аз Тоҷикистон фақат Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон шомил шудааст, ки дар зинаи 146-ум қарор дорад. Абдулқодирзода соли гузашта ҳам дар ин феҳрист дар ҷои 141 буд. Имсол 5 зина рейтингаш фаромадааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки дар гузашта 7 соли пайиҳам дар радаи таъсигузортани мусалмонҳо зикр шуда буд, дар феҳристи қаблӣ дар зинаи 133 қарор дошт. 

Дар зимн президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев тоза ба ин феҳраст роҳ ёфта, дар зинаи 139-ум қарор дорад. Аз Қазоқистон низ ду намояндаи нав – овозхон Димаш ва президент Қосим-Ҷомарт Тоқаев ворид шудаанд, ки аввалӣ дар зинаи 183 ва дуюмӣ дар мақоми 138 ҷой гирифт.

Дар садри феҳрасти ҷадид шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз ва дар пайи ӯ, роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ҷой гирифтаанд. Амири Қатар Шайх Тамим бин Хамад Оли Сонӣ дар зинаи сеюм ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия дар мақоми 4-ум қарор гирифтааст.

Панҷгонаи аввалро шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн ал-Ҳошимӣ ҷамъбаст кардааст. Ҳамчунин Оқохони чаҳорум, имоми исмоилиёни ҷаҳон низ дар 50-гонаи таъсиргузортарин мусалмонҳои ҷаҳон як қадам пеш рафта, дар зинаи 29-ум қарор гирифтаст.

Аз Русия ба ин феҳраст Ҳабиб Нурмуҳаммадов размикори доғиситонӣ ворид шудааст, ки дар зинаи 119-ум ҷой дорад. Президенти Чеченистон, Рамзан Қодиров дар зинаи 139-ум ва Равил Гайнуддин, муфтии Русия дар зинаи 129 қарор гирифтаст.

Футболбози мисрии клуби англисии “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ дар зинаи 39 ҷой гирифтааст. Дар ҳамин ҳол роҳбари толибҳо Ҳибатулло Охундзода дар зинаи 49-ум қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки феҳрасти TOP-500 аз бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон сар аз соли 2009 ҳамасола нашр мешавад. Дар гузашта, Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ низ ду маротиба ба ин руихат шомил шуда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *