Рубрики Хабарҳо

Мувофиқати вазирони хориҷаи Аврупо бо бастаи таҳрими нав алайҳи Эрон

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал аз нишасти изтирории “баъд аз вахомати вазъияти ҳуқуқи башар” дар Эрон хабар дод. Вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо низ бар сари бастаи таҳримҳои нав алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ “ба далели нақзи густурдаи ҳуқуқи башар дар Эрон” мувофиқат карданд. 

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид эълом кард, ба далели “вахим шудани вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон” нишасти фавқулода баргузор хоҳад кард. 

Қарор аст, ки ин нишаст панҷшанбе 24 ноябр баргузор шавад. Пешниҳоди ташкили чунин нишастеро Исландия ва Олмон ба ин Шӯро дода буданд. 

Барои ташкили ин нишаст бояд дасти кам 16 узв аз 47 узви ин Шӯро (беш аз як саввум) ба он раъйи мусбат медоданд, ки бинобари эъломи дафтари Шӯрои Ҳуқуқи Башар дар Жинева, то кунун 44 кишвар, аз ҷумла 17 узви Шӯро бо пешниҳоди Исландия ва Олмон мувофиқат кардаанд. 

Дар ҳамин ҳол Иттиҳодияи Аврупо аз таҳримҳои тозае алайҳи Эрон хабар дод. Ин таҳримҳо, ки дар ҷаласаи рӯзи душанбеи вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо тасвиб шуданд мутаваҷҷеҳи 28 шахси ҳақиқӣ ва се ниҳоди эронӣ ҳастанд. 

Жозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе, 14 ноябр эълом кард, ки ин таҳримҳо алайҳи масъулони саркӯби тазоҳуркунандагон дар Эрон вазъ шудааст. 

Таҳримҳои сурат гирифта шомили мамнуъияти сафар ва масдуд кардани дороиҳои ин афрод аст. Илова бар ин, шаҳрвандон ва ширкатҳои Иттиҳодияи Аврупо аз мубодилоти молӣ бо ин афрод ва ниҳодҳо манъ шудаанд. 

Таҳримҳои ҳуқуқибашарӣ алайҳи Эрон ҳамчунин шомили мамнуъияти содироти таҷҳизоте ба Эрон аст, ки мумкин аст барои саркӯбии дохилӣ ва назорат бар мухобирот истифода шавад. 

Анналена Барбук, вазири хориҷаи Олмон низ дар ҳамин робита гуфта буд, ки таҳримҳои ҷадид ба вижа алайҳи “ҳалқаи дарунии қудрат дар Сипоҳи Посдорон” ва онҳое, ки нерӯҳои мусаллаҳи Эронро таъмини молӣ мекунанд эъмол хоҳад шуд. 

Эрон муддаӣ ироаи шавоҳид дар робита бо хориҷиҳои боздоштӣ шуд 

Носир Канъонӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон дар нишасти ҳафтагии худ дар рӯзи душанбе дар посух ба саволе дар мавриди атбоъи хориҷии боздошт шуда дар ҷараёни эътирозот гуфт, дар мавориде, ки ниёз ба ироаи шавоҳид буд, ин иқдом анҷом шуд. 

Канъонӣ тавзеҳ дод: “дар иртибот бо шаҳрвандони теъдоде аз кишварҳо, ки иқдом ба рафторҳои муҷримона кардаанд ва мунҷар ба дастгирӣ ва боздошти онҳо шуда, иттилооти лозим дода шудааст ва шавоҳид ва мадорики ироа гардида ва тавзеҳоти лозим ба ин сафаро ва намояндагиҳо дода шудааст.” 

Ба гуфтаи ӯ, дар мавридҳое ҳам эътироз ва судури ёддошти расмӣ ва сабти мавридҳо сурат гирифтааст: “бахши дигаре аз иқдомот ҳам дар чаҳорчуби иртиботот ва тамосҳо ва ҳамкориҳои дастгоҳҳо ва сервисҳои амниятӣ миёни ниҳодҳои зеррабти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳамтоиёни кишварҳои зери рабт анҷом шудааст.” 

Макрон хостори вокуниши шадид ба саркӯбии “инқилоб” дар Эрон шуд 

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаранса бори дигар хезиши эътирозии ҷорӣ дар Эронро “инқилоб” номид ва хостори вокуниши шадид ба саркӯби он шуд. 

Ӯ дар гуфтугӯе, ки душанбе мунташир шуд гуфт: “ман аз вокуниши дипломатики шадид ва таҳрим алайҳи шахсиятҳои режим, ки дар саркӯби ин инқилоб даст доранд ҳимоят мекунам.” 

Ин суханони Макрон баъд аз дидори рӯзи ҷумъаи ӯ бо чанд тан аз занони фаъоли эронӣ, аз ҷумла Масеҳ Алинижод ва Лодан Баруманд ироа шудааст. 

Ин дидор сабаби хашми мақомҳои Ҷумҳурии Исломӣ шуд, ки тозатарини он марбут ба Носир Канъонӣ аст. 

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон дар нишасти ҳафтагии худ дар рӯзи душанбе бо ишора ба ин дидор гуфт: “ин ки дар канори мухолифине қарор мегиранд, ки моҳияти онҳо барои миллати Эрон равшан аст сиёсат ғалат ва кӯтаҳбинонае аст. Ин Масеҳе, ки раисҷумҳури ин кишвар дар канори вай қарор гирифта кӯр мекунад аммо шифо намедиҳад.” 

Канъонӣ талвеҳан ба Фаронса ҳушдор дод: “ин нишон медиҳад, ки дасти онҳо холӣ аст, биёянд ва дар канори миллати бузурги Эрон қарор бигиранд, ва ба манофеъи баландмуддати худ таваҷҷуҳ кунанд.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *