Рубрики Хабарҳо

Зубайдзода бо вазири хориҷаи Сурия баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистонро баррасӣ кард

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода 13 ноябр ба Димишқ сафар карда бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Арабии Сурия Муҳаммад Холид Раҳмун мулоқот анҷом дод. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилоъи манбаэ дар вохӯрӣ “масъалаҳои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан, тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ миёни сохторҳои соҳавии ду кишвар” баррасӣ гардидааст.

Гуфтанист 25 июли соли 2022 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. 

Аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон буданд. Кӯдакон то ҳол ба наздиконашон дода нашудаанд ва тақдирашон маълум нест. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *