Дар Красноярсяк, аз бузургшаҳрҳои Русия дар Сибир, даҳҳо нафар тоҷики муҳоҷир ба шартнома бо артиши Русия барои рафтан ба ҷанги Укроин имзо гузоштаанд. Ба онҳо ваъда шудааст дар камтарин муддат шаҳрвандии Русияро дарёфт хоҳанд кард.
Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, бо таблиғи мақомоти рус ва бархе тоҷикони муқими ин шаҳр, даҳҳо нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик тасмим гирифтаанд барои дарёфти шаҳрвандии Русия дар ҷанги Укроин ширкат кунанд. Мақомоти шаҳр ба онҳо ваъда додаанд дар сурати сафарбар шудан ба артиш дар се моҳ шаҳрвнади Русия хоҳанд шуд.
Ҳамчунин садҳо тоҷики муқими ин калоншаҳр, ки шаҳрвандии Русияро доранд, даъватнома ба комиссариатҳои ҳарбиро дарёфт кардаанд.
Ба муҳоҷироне, ки бо артиши Русия шартнома бастаанд ваъда шудааст, ки онҳоро ба хати аввали фронт назоҳанд фиристод, балки дар ақибгоҳ хизмат хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол расонаҳои русӣ аллакай даҳҳо навор нашр кардаанд, ки аз тӯду-тӯда кушта шудани басиҷиҳои нав ва ё асорати онҳо хабар медиҳад.
Дар шабакаҳои русӣ наворҳо аз сафарбар шудани тоҷикон ба артиш нашр мешавад, ки шуморашон торафт дар ҳоли афзоиш мебошад.
Дар як навор, ки гуфта мешавад дар шаҳри Барнаул сабт шудааст, ҳадуди даҳ нафар тоҷикон дида мешаванд, ки ба артиш мераванд.