Рубрики Хабарҳо

Мулоқоти писари раисҷумҳур бо падари раисҷумҳур

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон ва писари раисҷумҳур дар доираи сафари расмиаш ба Туркманистон бо Гурбангулӣ Бердимуҳамедов раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеш ва падари раисҷумҳури Туркманистон  дидору гуфтушунид кардааст.

Тибқи иттилоъи маркази матбуоти Маҷлиси миллӣ, дар оғози мулоқот Рустами Эмомалӣ ба Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дуруди бародарона ва таманниёти неки падараш, яъне раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расондааст. Маълум нест Бердумуҳамедов ҳам саломи писараш, яъне раисҷумҳури Туркманистонро ба рустам расонидааст ё на. 

Дар вохӯрии падари раисҷумҳур бо писари раисҷумҳур “дурнамои робитаҳои байнипарламентӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон, инчунин ҷанбаҳои муҳимми ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва масъалаҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ” гардидааст.

Зикр шудааст, ки “ҳаҷми гардиши мол дар соли 2021 нисбат ба солҳои пешин се маротиба афзоиш ёфта, ин тамоил дар соли ҷорӣ низ нигоҳ дошта шудааст”. Дар ҳамин ҳол ҳаҷми ин гардиш дар шакли пулӣ чи қадар аст, эълон намешавад. Туркманистон байни кишварҳои ОМ камтарин додугирифт бо Тоҷикистонро дорад. 

Гуфта шудааст “дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва саноат пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд”, аммо маъулум нест ҳамкорӣ дар ин бахшҳо ё худи ин бахшҳо.

Раисони маҷлисҳои ду кишвар аз вазъи Афғонистон ҳам изҳори нигаронӣ кардаанд. 

Писару падари ду раисҷумҳур “ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсусро баҳри муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалии имрӯза ба монанди терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, зарур шумориданд”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *