Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯз панҷшанбе ба нерӯҳои худ дастур дод то пас аз дархост усқуф Кирилл, оташбасро дар Укроин дар рӯзҳои шаш ва ҳафти январ ба муносибати Крисмаси калисои артодокс (православӣ) иҷроӣ кунанд. Пеш аз ин Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия чунин дархостеро матраҳ карда буд. Бо ин ҳол, Укроин бо оташбас мухолифат кард.
Путин дар паёми гуфт, “ба вазири дифоъи Русия дастур медиҳам, ки бо таваҷҷуҳ ба дархости усқуф Кирилл, оташбасеро дар Укроин аз соати 12 зӯҳри шаш январ то нимашабии ҳафтум январ барқарор кунад.”
Раисҷумҳури Русия ҳамчунин аз нерӯҳои укроинӣ хост ба ин оташбас эҳтиром бигузоранд то ба аротодоксҳои украинӣ ин имконро бидиҳад, ки дар маросими шаби Крисмас ширкат кунанд.
Михаил Подоляк, муовини раисҷумҳури Укроин дар твитте навишт, ки нерғҳои Русия бояд “сарзаминҳои ишғолиро тарк кунанд”.
Вай изофа кард, “танҳо дар ин сурат аст, ки оташбаси муваққат хоҳем дошт”. Ӯ бо киноя ба Русия гуфт, ки “риёкориро барои худ нигаҳ доред.”
Алексей Данилов, раиси Шӯрои амнияти миллии Укроин низ гуфт, ки дар бораи ҳеҷ оташбасе музокира нахоҳанд кард.
Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида низ гуфт, ки Путин омодаи бомбаборони бемористонҳо, гаҳвораи кӯдакҳо ва калисоҳо дар Крисмас ва Соли нав буд.
Вай афзуд: “фикр мекунам ӯ дар талош аст то миқдоре оксигин пайдо кунад.”
Пеш аз ин Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия рӯз панҷшанбе аз Владимир Путин, ҳамтои руси худ хоста буд то “оташбаси якҷониба” эълом кунад ва ба ҷанг дар Укроин поён диҳад.
Бар асоси баёнияе, ки дафтари раёсатҷумҳури Туркия мунташир кардааст, Урдуғон дар тамоси телефонӣ бо раисҷумҳури Русия хостори он шудааст, ки: “дархостҳои сулҳ ва анҷоми музокира миёни Маскав ва Киев бо оташбаси якҷониба ҳимоят шавад.”
Урдуғон аз замони оғози ҷанг дар Укроин мавзеъи эҳтиётомезро барои ҳифзи равобит бо ду тарафи ин муноқиша гирифтдааст.
Чунин рӯйкарде ба Анқара иҷоза дода то ба равобити хуби гузаштаи худ бо Маскав идома диҳад ва дар айни ҳол битавонад силоҳ низ дар ихтиёри Киев қарор диҳад.
Туркия ба бо вуҷдуи ин ки яке аз аъзои НАТО ба шумор меравад, аммо бо таҳримҳои ҷоришуда аз сӯи Ғарб алайҳи Маскав ҳамроҳ нашуда ва талош дорад ба унвони миёнҷӣ миёни Русия ва Украина дар муноқишаи ҷорӣ амал кунад.
Аз ҳамин рӯ, Анқара бо таъкид бар ҳифзи ин ҷойгоҳ нақши калидие дар мубодилаи зиндонён миёни Маскав ва Киев дар моҳи сентябр гузашта иҷро кард.
Туркия ҳамчунин ҳамроҳи Созмони милали муттаҳид дар моҳи июл ба унвони миёнҷии тарафҳои ҷанг барои бастани қарордоди иҷозаи содироти ғаллаҳои Укроин аз тариқи Баҳри Сиёҳ ва тангаи Босфор нақш дошт.
Ба гузориши хабаргузори Анатолӣ, Удуғон дар бахше аз ин гуфтугӯи телефонӣ тасреҳ кард, ки боз кардани коридори ғаллаҳо, мубодилаи асирон ва талошҳо барои эҷоди минтақаи амн дар атрофи неругоҳи атомии Запороже нишонаҳое далолаткунанда бар натиҷабахш будани музокирот будааст.
Бино ба ин гузориш, раисҷумҳури Туркия ҳамчунин аз “идомаи талошҳо ба манзури ироаи нақшаи роҳ марбут ба табдили Туркия ба ҳаби гази табиӣ ва оғози иқдомҳои амалӣ дар кӯтоҳтарин замони мумкин” дар ин хусус хабар дод.
Аз сӯи дигар Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ таъкид кард, ки кишвараш таҳти шартҳое омодаи гуфтугӯ бо Укроин аст.
Путин дар ин хусус тасреҳ кард, ки агар Укроин “воқеиятҳои сарзамини нав”-ро бипазирад заминаи анҷоми гуфтугӯ фароҳам хоҳад шуд.
Вай таъкид кард, ки Русия омодаи “гуфтугӯҳои ҷиддӣ” аст бо шарти ин ки мақомоти Киев “дархостҳои мушаххас ва қаблан такрор шударо мадди назар қарор диҳанд ва воқеиятҳои сарзамини навро бипазиранд.”
Манзуру Владимир Путин аз “воқеиятҳои сарзамин нав” манотиқи ишғолӣ аз хок Укроин аст, ки Русия пештар дар пайи барпоии ҳамапурсиҳои ғайриқонунӣ онҳоро бахши тозае аз хоки худ эълом кардааст. Иқдоме, ки маҳкумияти Ғарбро ба думбол дошт ва Киев низ таъкид кардааст ҳаргиз ба он тан нахоҳад дод.
Владимир Зеленский дар вокуниш ба ин пешниҳоди Русия дар хитоб ба сарбозони рус ва бо ишора ба дуздиҳое, ки онҳо анҷом медиҳанд, гуфт “шумо метавонед унитазҳои дуздидаатонро бо худ баред, аммо бояд хоки Укроинро то сарҳади соли 1991 тарк кунед”.