Рубрики Хабарҳо

Рӯшон: Боздошти масъули корхонаи фермерии «Акташ»

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як марди рӯшониро бо гумони напардохтани  беш аз 30 ҳазор сомонӣ музди меҳнати як ҳамдеҳааш боздошт кардааст.

Вазорати корҳои дохилии кишвар бо интишори ин хабар гуфтааст, ки “марди 57-солаи сокини деҳаи Савноби ноҳияи Рушон, сардори корхонаи фермерии “Акташ”-ро ҳамчун гумонбар дар напардохтани музди меҳнат дастгир намуданд.”

Манбаъ меафзояд, “Номбурда, аз соли 2015 то ин ҷониб маоши корманди корхонаи фермерии “Акташ”, марди 57-солаи ҳамдеҳааш, мусоҳиби хоҷагии фермерии мазкурро, ки маошаш дар як моҳ 590-сомонӣ ва ҷамъ ба маблағи 30 ҳазору 420-сомониро ташкил медиҳад, пардохт накардааст.”

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон нисбат оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *