Рубрики Хабарҳо

Нуфузи бештари Чин? Тоҷикистону Чин ҳар сол размоиш мегузаронанд

Тоҷикистону Чин минбаъд на кам аз як тамрини низомии зиддитеррористӣ дар ду сол баргузор мекунанд. Ҳадафи размоишҳо таҳким ва рушди минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ номида шудааст. Корҳиносон аз афзоиши нуфузи бештари Чин мегӯянд.

Матни лоиҳаи созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр гардидааст. Дар матни созишнома гуфта мешавад, размоишҳо ба хотири “такмили маҳорати мубориза бо терроризм аз роҳи ҳамкорӣ” доир хоҳанд шуд.

Бинобар матни созишнома, ки Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми ноябр дастрас кард, Тоҷикистону Чин ҳар сол на камтар аз як бор размоиши зиддитеррористӣ доир хоҳанд кард. Кишвари мизбон барои афсарону сарбозон ва аслиҳаву таҷҳизот, нақлиёти ҷониби меҳмон шароити даромадан ба кишвар ва ҳаракат дар масири муайяншударо бояд фароҳам кунад.

Аз ҳадафҳои дигари размоиш баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангии мақомоти роҳбарикунанда дар идораи воҳидҳои махсуси зиддитеррористӣ, сатҳи ҳамкорӣ байни воҳидҳои махсуси зиддитеррористӣ, инчунин сатҳи тайёрӣ ва малакаи амалии тактикии воҳидҳои махсуси зиддитеррористии Тоҷикистону Чин унвон шудааст.

Коршиносон мегӯянд ин ҳамкориҳои низомӣ ба афзоиши нуфуз, аз ҷумла нуфузи низомии Чин дар минтақа хоҳад расондю

Гуфта мешавад, ки тамринҳо дар асоси ризоияти якдигар ва бо навбат гузаронида мешавад.

“Тарафҳо на камтар аз як маротиба дар ду сол тамринҳоро баргузор мекунанд. Тарафи ташаббускор на дертар аз шаш моҳ пеш аз оғози тамринҳо тарафи дигарро дар бораи пешниҳоди гузаронидани тамринҳо огоҳ мекунад. Муҳлат, макон, мавзуъ, тартиб ва масъалаҳои дигари баргузории тамрин байни тарафҳо мувофиқа карда мешаванд”, — омадааст дар созишномаи мазкур.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки барои омодагӣ ва гузаронидани размоишҳо мақоми муваққатии идоракунанда таъсис дода мешавад

Дар матни созишнома зикр мешавад, тарафе, ки барои машқҳо меояд, “соҳибихтиёрӣ, қонунгузорӣ ва урфу одатҳои тарафи қабулкунандаро эҳтиром мекунад, ба корҳои дохилии тарафи қабулкунанда дахолат намекунад, дар ҳудуди тарафи қабулкунанда дар фаъолияти сиёсӣ иштирок намекунад”.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки табобати иштирокчиёни размоишҳо аз ҷониби кишвари қабулкунанда ройгон амалӣ карда мешавад.

“Тарафҳо (Тоҷикистону Чин дар назар аст,- муаллиф) хароҷоти марбут ба иҷрои Созишномаи мазкурро мустақилона ба уҳда мегиранд, агар дар ҳар ҳолати мушаххас тартиби дигаре мувофиқа нагардида бошад”, — омадааст дар матни созишнома.

Инчунин гуфта мешавад, ки тарафҳо ҷузъиётро дар бораи муҳлатҳо, маконҳо, миқёс, роҳбарии тамринҳо, воситаҳои ҷалбшуда, тактикаи махсус ва ғайраро то оғози тамрин ифшо намекунанд.

Кишвари мизбон барои афсарону сарбозон ва аслиҳаву таҷҳизот, нақлиёти ҷониби меҳмон шароити даромадан ба кишвар ва ҳаракат дар масири муайяншударо бояд фароҳам биорад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вазифадор шудааст, созишномаро аз номи ҳукумат бо ҷониби Чин ба имзо расонад ва ба матни он тағйиру иловаҳо ворид кунад.

Баргузории машқҳои муштараки Тоҷикистону Чин дар ҳолест, ки дар гузашта Чин бештар ҳадафҳои иқтисодии худро дар Тоҷикистон амалӣ мекард ва тибқи арқоми расмӣ ҳам ин кишвар яке аз сармоягузорони аслӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *