Рубрики Хабарҳо

Номзади илмҳои филологӣ ва доктори илми тиб. Номи чанд боздоштшудаи дигар маълум шуд

Маълумот дар бораи чанд боздоштшудаи дигар дар ҷараёни боздоштҳои ахир дастрасӣ “Паём” пайдо шуд. Яке аз инҳо номзади илмҳои филологӣ ва якеи дигар доктори илмҳои тиб мебошанд.

Сармуаллими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ ва омӯзгори факулати шарқшиносии ин донишгоҳ Ҳомидиён Ҳикматшоҳ Комилӣ яке аз ин боздоштшудаҳост. 

Сокини шаҳри Хуҷанд Ҳикматшоҳ Ҳомидиён мутаваллиди соли 1978 буда, ҳамин донишгоҳро соли 2005 хатм кардааст. Ҳамон сол ба ҳайси ассестент дар ин донишгоҳ корро шурӯъ карда то ба ҷонишинии декани факултаи шарқшиносӣ расидааст. Солҳои 2014-2015 ба ҳайси муовини декан оид ба корҳои тарбия дар факултет забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва солҳои 2016-2017 муовини декани ҳамин факулта оид ба илм будааст. Соли 2017 то аввали 2018 раиси шӯрои олимони ҷавони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров будааст. 

Як устоди ҳамин донишгоҳ низ боздошт шудааст, ки мутаассифона ҳанӯз ному насаб ва маълумоти бештар дар борааш дастраси мо нашуд. 

Навори ширкати Ҳомидиён дар як маҳфили илмиро метавонед инҷо тамошо кунед:

Боздоштшудаи дигар табиб Ҷаборов Хайрулло Абдурозиқович мебошад. Ӯ хатмкардаи донишгоҳи тиббии Хартуми Судон буда таҳсилашро дар Тоҷикистон ҳам идома додааст. Доктори илми тиб аст, ки рисолаи докториашро ҳам дар Тоҷикистон ҳимоя кардааст. 

Хайрулло Ҷабборов зодаи шаҳри Норак аст ва ба ҳайси пизишки бемориҳои дил дар беморхонаи шаҳраки тиббии Душанбе кор мекард. Аз ҷои кораш боздошт шуд.

Ҳамчунин аз шаҳри Норак чаҳор нафар аз як хонадон боздошт шудаанд: 

1. Шарипов Ҳикматулло Абдулҳамидович; 

2. Шарипов Хайриддин Абдуҳакимович; 

3. Шарипов Мунис Абдуқаҳорович;

4. Шарипов Абдуҳалим Абдуқаҳорович. 

Маълумоти бештар дар бораи инҳо ва дигар боздоштшудагон ба зудӣ нашр хоҳад шуд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *