Марк Рютте, нахуствазири Нидерланд эълом кард, ки кишвараш ҳамроҳ бо Дания ба зудӣ ҷангандаҳои F-16-и амрикоиро ба Укроин хоҳанд дод.
Рютте рӯзи якшанбе, 20 август ҳамроҳ бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин дар як пойгоҳи ҳавоии Нидерланд тасреҳ кард, ки баробари муҳайё шудани “шартҳои лозим”, ин ҷангандаҳо ба Украина ирсол мешаванд.
Нахуствазир Нидерланд ба ин шартҳо ишора накард.
Ду мақоми аршади нидерландӣ ва укроинӣ ҳамчунин аз ду ҷангандаи F-16 дар пойгоҳи низомии Нидерланд боздид карданд.
Нидерланд ва Дания чанд рӯз пеш эълом карданд, ки Иёлоти муттаҳида ба ин ду кишвар иҷозаи таҳвили ҷангандаҳои F-16 ба Укроинро додааст.
Суханони дирӯзи Рютте, аввалин эъломи расмии ирсоли ин ҷангандаҳои амрикоӣ ба неруҳои мусаллаҳи Укроин маҳсуб мешавад.
Зеленский ҳам дар ин робита гуфт, ки бо Рютте тавофуқ шуд то 42 ҷангандаи F-16 ба Укроин таҳвил дода шавад.
Раисҷумҳури Укроин дар шабакаи иҷтимоии Х (собиқ Твиттер) тасреҳ кард, ки аз ҷангандаҳои мазкур барои дифоъ аз осмони кишвараш ва муқобила бо неруҳои русӣ истифода мешавад.
Ӯ ишора кард, ки ирсоли ин 42 ҷанганда оғозе барои дарёфти ҷангандаҳои бештар дар оянда аст.
Аз сӯе, Рютте гуфт, ки Нидерланд ҳоло наметавонад шумори ҷангандаҳои F-16-и ирсолӣ ба Укроинро мушаххас кунад.
Нидерланд дар ҳоли ҳозир 24 фурванд F-16 дорад, ки қарор аст то нимаи соли 2024 ҷангандаҳои дигареро ҷойгузин онҳо кунад. Ин кишвар 18 ҷанганда аз навъи дигар барои фурӯш арза кардааст.
Вазорати хориҷаи Дания ҳам имрӯз дар иттилоияе эълом кард, ки ин кишвар ба ҳамроҳ Нидерланд ба маҳз муҳайё шудан шароити мавриди назар, ҷангандаҳои F-16-ро ба Укроин ирсол хоҳанд кард.
Ин вазоратхона ишора кард, ки ин шартҳо омӯзиши халабонони укроинӣ ва эҷоди зерсохтҳои хадамотӣ ва лоҷистикии лозим ҷиҳати истифода аз ҷангандаҳои мазкур аст.