Парлумони Аврупо иртиботи мустақими худро бо Эрон “то иттилоъи баъдӣ” қатъ кард
Роберто Метсола, раиси парлумони Аврупо мегӯяд то иттилоъи баъдӣ иртиботот ва гуфтугӯҳои мустақим миёни ин ниҳоди аврупоӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон қатъ мешавад. Хонум Метсола ҳамчунин бо ишора ба саркӯби хушунатомези мӯътаризон дар Эрон таъкид кард, ки “Аврупо чашмони худро рӯйи мӯътаризоне, ки чашми умед ба мо доранд, нахоҳад баст.”
Раиси парлумони Аврупо ҳамчунин зимни интиқод аз судури ҳукми эъдом барои мӯътаризони эронӣ аз мақомҳои Ҷумҳурии Исломи хост, ки ҳарчи сареътар ин равандро мутаваққиф кунанд. Хонуми Метсола зимни истиқбол аз ҷорисозии таҳримҳо алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ таъкид кард, ки намояндагони парлумон дар ҳамин росто тасмим гирифтанд то иттилоъи баъдӣ ҳеҷ тамоси мустақиме миёни парлумони Аврупо ва ҳамтоёни расмӣ дар Эрон барқарор накунанд.
Раиси парлумони Аврупо дар бахши дигаре аз суханонаш аз мардуми Афғонистон низ ҳимоят ва таъкид кард, ки парлумони Аврупо ба мардуми ин кишвар ва на ба раҳбарони Толибон мутааҳҳид аст. Хонуми Метсола ҳамчунин дар идома афзуд: “парлумони Аврупо то замоне, ки занони афғон ба ҷойгоҳи шоистаи худ даст наёбанд, ба шунидани садои онҳо идома хоҳад дод.”
Раиси парлумони Аврупо ҳамчунин видеое аз суханронии худро, ки ба эътирозоти Эрон пардохта буд дар сафҳаи твиттери худ ба иштирок гузошта ва ҳештеги “зан, зиндагӣ, озодӣ”-ро ҳам ба забони форсӣ дар поёни твитти худ қарор додааст.
Аз замони оғози эътирозоти саросарӣ дар Эрон, ниҳодҳои аврупоӣ, таҳримҳоеро алайҳи мақомҳо ва бархе аз ниҳодҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон вазъ карда ва аз Теҳрон хостааст то ба саркӯби хушунатбори мӯътаризон поён диҳад.