Рубрики Хабарҳо

Панҷ нафар роҳбарони мардумии ВМКБ ба ҳабси абад маҳкум шуданд

Панҷ нафар роҳбарони мардумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳабси умрбод маҳкум шудаанд. Ҳамчунин чанд зодаи ин вилоят ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд. 

Дар ин бора шоми 22 ноябр,  Aнора Саркорова, рӯзноманигори тоҷик, ки асосан рӯйдодҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, дар канали телеграмияш хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, Толиб Аёмбеков, Наҷмиддин Шерҷонов, Имомназар Шоиширинов, Мунаввар Шанбиев ва Ниёзшо Гулобов ҳукми абад гирифтаанд. 

Дар ин бора расонаҳои давлатӣ ва мақомоти зидахл ягон гузорише нашр накардаанд. 

Ҳанӯз маълум нест, ки додгоҳ бо чӣ ҷурмҳое ба онҳо чунин ҳукм додааст, вале баъди боздошти Аёмбеков, Шанбиев ва Гулобов дар моҳи июн, РВКД вилояти Бадахшон хабар дода буд, ки аз онҳо ва афродашон миқдори зиёди аслиҳа ва тақрибан 200 кило маводи мухаддир пайдо кардаанд. 

Ҳамаи онҳо рӯзи 11 июни соли ҷорӣ, дар ҷараёни амалиёти вижа дастгир шуданд.

Гуфта мешавад, Ҳамза Муродов, ронандаи собиқи Толиб Аёмбеков ва ду бародараш Оқил ва Аноятшо Аёмбековҳо ҳарсе ба 30 соли зиндон ва Мамадамон Аёмбеков ба 10 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Оқил Аёмбеков ва Ҳамза Муродов аз соли 2012 дар маҳбас қарор доранд. Дар соли 2013 онҳоро бо ҷурми куштани генерал Абдулло Назаров мутаносибан ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум карда буданд. Акнун ба ҳукми Оқил Аёмбеков боз 13 сол ва ба ҳукми Ҳамза Муродов 14 соли дигар илова карданд.

Тафтишот ва мурофиаи додгоҳии ин зодагони Бадахшон пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузури адвокат сурат гирифтааст. 

Манбаъ менависад, ҳеҷ кадом аз маҳкумшудагон дар иттиҳомоти ба зиддашон эълоншуда худро гунаҳкор эътироф накарданд”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *