Categories Хабарҳо

Сармояи оинномавии НОБ «Роғун»зиёд мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молияи кишвар дастур додааст, ки сармояи оинномавии ҶСК «НОБ Роғун»-ро аз ҳисоби Фонди мӯътадилсозии рушди иқтисод ба маблағи 200 миллион сомонӣ, ҳудуди 20 миллион доллар зиёд кунад.

Қарори дахлдори ҳукумат, ки 11-уми ноябри соли 2022 қабул шуда буд, дирӯз, 24-уми ноябр, дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шуд.

Тибқи ин қарор акнун Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи  НОБ «Роғун» вазифадор карда мешавад, ки истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин намуда, дар бораи хароҷоти сарфшуда ба Вазорати молия ҳисобот пешниҳод намояд.

Феълан тарҳи нерӯгоҳи Роғун танҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, ки он барои анҷоми нақшаи сохтмони нерӯгоҳ кофӣ нест.

Ҳанӯз соли 2020 роҳбарияти кишвар ба гурӯҳи кории байниидоравии дахлдор супориш дода буд, ки ҷиҳати дарёфти манбаи маблағгузорӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» чора андешад.

Бунёди нерӯгоҳи Роғун дар соли 2008, ки сохтмони иншооти он аз сар гирифта шуд, 3 миллиард доллар арзёбӣ гардид. Баъд арзиши ин тарҳ соли 2016 ҳангоми тендери байналмилалӣ барои интихоби пудратчии генералӣ барои сохтмони сарбанди неругоҳ 3 миллиарду 900 миллион доллар эълон шуда буд. Ҳоло, тибқи маълумоти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 5 миллиард доллар лозим аст. 

Агар ҳисоби арзиши тарҳи сохтмони Неругоҳ дар соли 2016 дуруст буда бошад, дониста мешавад, зиёда аз як миллиард доллари ба Неругоҳи Роғун ҷудошуда дуздида ва ё ғайримақсаднок истифода шудаанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *