Туркия ба ҳамалоти шадиди ҳавоии худ ба манотиқи курднишини шимоли Сурия идома медиҳад. Анқара аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин барои ҳамла ба аҳдофи худ дар кишвари ҳамсоя истифода мекунад. Иёлоти муттаҳида ба шиддат аз ин рӯйкард интиқод кард.
Ниҳодҳои ҳуқуқибашарӣ ٰгузориш доданд, ки Туркия рӯзи панҷшнба 24 ноябр бори дигар ба аҳдофе дар манотиқи курднишини шимоли Сурия ҳамла кардааст.
Созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия гузориш дод, ки нерӯҳои Туркия панҷшанбе чандин русторо дар шимоли Сурия гулӯлаборон карданд ва бо истифода аз паҳподҳои ҷангӣ манотиқи курднишинро мавриди ҳамла қарор доданд. Ҳанӯз гузорише аз шумори кушташудагон ва ё захмиҳо мунташир нашудааст.
Гуфта мешавад, ки дар ҳамалоти Туркия як пойгоҳи низомии нерӯҳои давлати Сурия дар наздикии Кӯбони низ бомбаборон шудааст. Анқара аз амалиёти заминии оянда дар минтақа хабар додааст.
Ба гузориши хабаргузории Анатолу Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия дар нишасти гурӯҳи парлумонии ҳизбаш, Ҳизби адолат ва тавсеа, гуфт: “ҳар замоне, ки салоҳ бидонем амалиёти заминиамонро ҳам шурӯъ мекунем.”
Туркия аз шаби якшанбеи гузашта ҳамалоти ҳавоии худро алайҳи “ягонҳои мудофеъи халқ” YPG дар шимоли Ироқ ва шимоли Сурия оғоз кардааст. Ин кишвар гурӯҳи “ИПГ”-ро шохаи сурии Ҳизби коргарони Курдистан — ПКК мехонад.
Анқара ин созмонҳоро масъули ҳамлаи террористӣ дар маркази хариди хиёбони Истиқлоли Истамбул, ки тақрибан ду ҳафта пеш (13 ноябр) рӯй дод, муаррифӣ кардааст. Аммо ҳар ду гурӯҳ ин иддаои Туркияро такзиб карданд.
Иёлоти муттаҳидаи Амрико ягонҳои мудофеъи халқ МYPG-ро шарике дар мубориза бо ситезаҷӯёни ДОИШ дар Сурия медонад ва амалкарди Туркияро мавриди интиқод қарор додааст.
Энд Прайс, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе аввали ноябр гуфт: “мо хостори коҳиши таниш дар Сурия барои муҳофизат аз ғайринизомиён ва ҳимоят аз ҳадафи муштараки шикасти ДОИШ ҳастем.”
Ба гуфтаи Туркия нерӯҳои ин кишвар аз рӯзи якшанбе садҳо мавзеъро дар шимоли Сурия мавриди ҳамла қарор дода ва “дар маҷмӯъ 254 террористро хунсо кардаанд”.
Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, Нерӯҳои сурии демократ (SDF), ки ягонҳои мудофеъи халқ ба он тааллуқ дорад, аз кушта шудани даҳҳо нафар аз ҷумла 11 ҷангҷуи SDF дар натиҷаи ҳамалоти паҳподӣ хабар доданд.
Аз нуқтаи назари эътилофи низомӣ, Анқара дар ҳоли ҳозир бо ин ҳамалоти ҳавоӣ дар тадоруки як ҳамлаи заминӣ аст. Нерӯҳои демократи Сурия дар баёнияе ба ин муносибат навиштанд: “душман қасд дорад заработи сангине ба нерӯҳои дифоъии мо, ба вижа фармондеҳони марокизи фармондеҳии мо ворид кунад.”
Вокуниши тунди Пентагон
Иёлоти муттаҳида ба шиддат ба ҳамалоти Туркия вокуниш нишон дод. Паҳподҳои Туркия асри чаҳоршанбе таъсисоти нафтии наздики шаҳри Қомишлии Сурия ва ҳамчунин минтақаи нафтхези Ромилаҳро, ки дар наздикии он нерӯҳои амрикоӣ мустақар буданд, ҳадаф қарор доданд.
Бар асоси гузориши Рейтарз, Пентагон эълом кард, ки ҳамалоти ҳавоии Туркия амнияти сарбозони Амрико ва солҳо пешрафт дар мубориза бо ДОИШ дар ин минтақаро ба хатар андохтааст.
Ҳудуди 900 нерӯи амрикоӣ дар Сурия ҳузур доранд, ки ба таври умда бо нерӯҳои демократики Сурия дар шимолу шарқи ин кишвар ҳамкорӣ мекунанд.
Як манбаъи вазорати дифоъи Туркия дар посух ба саволе дар бораи назари Пентагон гуфт, ки Анқара “аҳдофи худро бо диққат интихоб мекунад” ва дар тамоси наздик бо ҳамтоёни амрикоӣ аст. Маёдини нафтӣ дар миёни аҳдофи мавриди ҳамлаи Анқара набудаанд.