Имруз маҳалгароии сиёсӣ марзи оҳанинест байни Тоҷикистон ва Дигаргунӣ, байни Тоҷикистон ва Истиқлоли воқеӣ…
Шахсан, зарарҳои ин падидаро дар Тоҷикистон чунин мебинам;
Пеш аз ҳама, илм ва дониш на ба ҳаракат, созандагӣ ва истеҳсоли ҳаёт, балки ба идеологияи холӣ табдил ёфтаанд. Инчунин сарҳади епистемологӣ боз ҳам маҳдудтар гардида пажуҳишгоҳҳои илми- таҳқиқоти қувва ва қудрати шинохт ва таҳлили воқеияти худ ва дунёи имрӯзаро надоранд.
Дуввум, ин ки зери таъсири ин маризӣ, дар Тоҷикистон қавме соҳиби мансаб гардидаанд, вале қудрат шакл нагирифтааст. Яъне мардум мансаб доранд вале қудрат надоранд ва қариб дар ҳама сатҳҳо фикр, эҷод, тахайюлот (imagination) фаъол нестанд ва сохтан, офаридан ва ҳаёти лучи мардумро ба як шакли солими сиёси – иҷтимоӣ пушонидан вуҷуд надорад. Маълум аст, ки дар ин раванд ҷойи идеяҳо, арзишҳо ва ормонҳои миллиро – маҳалчигӣ, дуздӣ ва фасод пур кардааст. Давлат ҳам гуё танҳо давлати савдогар ва деворгар аст ва дар назди мардум аз биноҳо ва роҳҳои сохта лоф мезананд ва ба таври умум барномаи сохтмони ҷомеаи ояндаи Тоҷикистонро надоранд. Балки чунин зарфиятро надоранд. Парокандагиҳои идеологи, технологияҳои душмансозӣ, ки танҳо мардумро ноумедтар аз оянда месозанд худ шоҳиди онанд, ки худ ҳизби ҳоким аз ҷомеаи ояндаи Тоҷикистон, ки бояд чи гуна бошад хабар надорад.
Сеюм, ҳосили ҳамин сиёсати маҳалгароӣ, фасод ва клептократия (дуздӣ) буд, ки мардуми зиёди Тоҷикистон муҳоҷир шудаанд ва ба ҳошия фиристода шудаанд, ки ин ҳам ба амнияти мамлакат хатари ҷидди дошт ва дорад. Ҳануз ҳам ин сиёсат боиси нобоварӣ байни маҳаллҳои Тоҷикистон гардида ва ‘ҳукумат’ ба мардуми дигар маҳалҳо бовари надорад.
Чорум, зери таъсири ин сиёсат (маҳалгароӣ, фасод ва дуздиву дуруғ) имруз дар Тоҷикистон як фазои бетарафӣ, дурӯягӣ ва дуруғгӯӣ шакл гирифтааст, ки бисёриҳо беихтиёр, бавосита ва ё бевосита аз ин фазо нафас мекашанд ва бе он гуё “дигар зистан наметавонанд” …
Панҷум бисёрии онҳое ки дар ин фазои маҳалгароӣ ва фасод ба вазифа мерасанд на дар фикри ягонаги ва ваҳдати миллат балки дар фикри киссаи худ ва авлоди худ ҳастанд ва мустақиман ба арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳое, ки Тоҷикро Тоҷик месозанд ба осони хиёнат мекунанд…
Шашум, ва хулоса, чи хел ки қайд карда шуд, сиёсати маҳалгароӣ маризӣ ва марзест, ки пеши роҳи дигаргуниро дар Тоҷикистон гирифтааст ва дигаргунӣ ва маъниҳои навро танҳо дар шабакаи рамзии Тоҷикон (забон) метавон дид на дар воқеияти онҳо… Ин падида паёмаде вазнин дошт ва боз ҳам хоҳад дошт!
Меҳмоншо Шарифов
Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф