Рубрики Хабарҳо

Дар Ӯзбекистон боз роҳро бастанд. Сабаб –лимити газ

Дар маҳаллаи Чигатойи ноҳии Шовоти Узбекистон як гурӯҳи занон 9-уми декабр дар эътироз ба камбуди газ роҳ ба сӯи ҳукумати ноҳияро барои чанд соат бастанд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар натиҷа кормандони пулис занони эътирозгарро пароканда карданд.

Худи он рӯз масъулони идораи гази Шовот ба додситонии ноҳия даъват шудаанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти маҳаллӣ ба расонаҳо гуфтаанд, ки ягон хел эътирозе сурат нагирифтааст.

Дар минтақаҳои гуногуни Узбекистон тайи ду ҳафтаи ахир дар робита ба норасоии газ чандин ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор шуд. Аз ҷумла, сокинони маҳаллаи “Қуштепа” 28-уми ноябр роҳи мошингардро бастанд.

Рӯзи 1-уми декабри соли равон сокинони маҳаллаи Бустон низ дар Қарақалпоқистон барои чанд соат кӯчаи “Узбекистон”-ро баста буданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *