Бақияи қарзҳои андоз дар Тоҷикистон дар авоили семоҳаи ахири соли ҷорӣ ба 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ҳудуди 105 миллион доллар расид.
Бино ба маълумоти расонаикардаи Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ ин нисбат ба аввали соли ҷорӣ 264 миллион сомонӣ, ҳудуди 26 миллион доллар бештар аст.
Бо вуҷуди ин, гуфта мешавад, нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ 3 фоиз барзиёд иҷро гардид.
Тибқи омор, ҳудуди 68 дарсади даромади умумии буҷети давлатии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ аз ҳисоби андоз будааст.
Қаблан, дар тобистони соли ҷорӣ раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки тақрибан 43% қарзи умумии андоз ба се ширкат рост меояд. НБО Сангтӯда 1 аз андоз 244 миллиону 600 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Қарзи ширкати «Тоҷиктелеком» ва сохторҳои он аз андоз ба 123 миллиону 300 ҳазор сомонӣ расидааст. Ширкати сеюми қарздори гигантӣ ба гуфти Давлатзода ин Ширкати саҳҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии Роғун мебошад.
Давлатзода гуфта буд, ки масъулияти пардохти қарзи нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба дӯши Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Барқи тоҷик” аст.
Қобили зикр аст, ки то охири моҳи октябри соли ҷорӣ ҳаҷми пардохтнакардаи ширкати Барқи Тоҷик ба нерӯгоҳ ба беш аз 2 миллиарду 545 миллион сомонӣ, ҳудуди 250 миллион доллар расидааст.
Сомонаи расмии НБО Сангтӯда 1 баъдан гуфта буд, ки аз аввали соли 2022 ширкати «Барқи тоҷик» аз ин нерӯгоҳи муштараки Русияву Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиарду 200 миллион киловатт соат нерӯи барқ гирифтааст. Сатҳи миёнаи пардохт аз аввали соли 2022 ҳамагӣ 33% -ро ташкил додаасту халос.