11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Соли 2030 Тоҷикистон 6,8 млн «қувваи корӣ»хоҳад дошт. Онҳо куҷо мераванд?

Шумори онҳое, ки дар «синни коршоямӣ» қарор мегиранд соли 2030 дар Тоҷикистон ба 6,8 миллион нафар мерасад. Ҳукумат ҳеҷ барномае барои таъмини кор ба шаҳрвандонаш надорад ва маълум нест ин наздики 7 млн барои ҷустуҷӯи кор куҷо хоҳанд рафт.

Дар бораи ба 7 млн наздик шудани «қувваи корӣ» дар кишвар муовини якуми мудир дар умури масъалаҳои илмии Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” Сангинзода Эмин Нуъмон изҳор доштааст.

Ба гуфтаи вай миқдори умумии одамони машғули кор дар соли 2030 46,7 дарсад аҳолии коршоямро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар нисбати шумори аҳолӣ ҳоло бузургтарин содиркунандаи қувваи корӣ дар ҷаҳон аст. То имрӯз аксари шаҳрвандони корҷӯи Тоҷикистон дар Русия шуғл пайдо мекарданд, аммо ҷанг иқтисоди Русияро бо суръат заъиф мекунад. Тибқи пешбинии коршиносон, шумори ҷойҳои корӣ дар ин кишвар соли оянда 25 дарсад камтар аз соли 2020 хоҳад буд.

Сангинзода Эмин Нуъмон таъкид кардааст, ки таъмини шуғли пурмаҳсул ба зиёдшавии истеъмол, пасандоз ва маблағгузориҳо мусоидат мекунад. Ин масъала ахиран дар ҷаласаи ҷамъбастии солани Шӯрои илмӣ Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” баррасӣ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора аз рушди иқтисод ва афзоиши ҷойҳои корӣ гузориш медиҳанд. Барои мисол дар маҷлиси дирӯзаи навбатии ҳукумати Тоҷикистон барномаи рушди саноати сабук дар кишвар ва як қатор масоили муҳими рӯзмара баррасӣ шуд.

Дар маҷлиси ҳукумат, дар  ҳисоботи муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфта шудааст, ки дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат амалӣ шуда, барои таъмини рушди иқтисодиёти мамлакат аз ҳисоби рушди саноати сабук муҳим мебошад.

Дар ин ҷаласа таъкид шудааст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук дар давраи амалишавии Барнома сол ба сол тамоюли афзоиш дошта, аз 2 миллиарду 700 миллион сомонии соли 2018, дар соли 2021 ба 4 миллиарду 100 миллион сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба соли 2018 1,5 маротиба зиёд гардидааст.

Гуфтанист, гузориш аз рушди саноати сабук дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки садҳо корхонаҳо дар давоми 4 соли охир аз фаъолият монданд. Зиёда аз 75% ашёи хоми Тоҷикистон бидуни коркард ба хориҷ аз кишвар содир мешавад.

Дар ҳамин ҳол, шумори муҳоҷирони корӣ ва онҳое, ки бо хонаводаҳояшон кишварро тарк мекунанд, бо суръат рӯ ба афзоиш аст. Набуди ҷои кор, фишорҳои пайвастаи андозӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, сарбозрабоӣ барои артиш садҳо ҳазор хонаводаро маҷбур ба кӯч бастан аз кишвар кардааст.

Агар қаблан аксари кулли мардони деҳаҳои кишвар дар хориҷ кор мекарданд, ҳоло деҳаҳо бо суръат холӣ мешаванд. Холиҳавии деҳаҳо беш аз ҳама дар вилояти Суғд мушоҳида мешавад. Дар бархе деҳаҳои ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт ва Истаравшан 30 дарсади сокинон ҳам боқӣ намондаанд.

Тибқи иттилои дафтари матуотии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар ин ҷаласа рафти иҷрои ҳисоботи илмӣ-таҳқиқотии фармоишӣ дар мавзуъи “Асосҳои иҷтимоӣ-меҳнатии таъмини шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон”, баррасӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бар асоси гузориши Бонки АвруОсиёии Рушд, аз рӯи суръати афзоиши аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон пешсаф мебошад. Аҳолии кишвар тайи 20 соли охир ҳудуди 60% афзоиш ёфтааст. Шумори тоҷикистониҳо дар 20 соли қабл 6,2 млн нафар ва феълан ҳудуди 10 млн арзёбӣ шудааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *