Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон бештар аз ҳама ба Русия муҳочир мефиристад

Тоҷикистон аз рӯи шумораи муҳоҷирони корӣ дар Русия дар байни 9 кишвар дар ҷои дуюм аст. Аммо аз рӯи таносуб дар радаи аввал қарор гирифтааст.

Ба иттилои хабаргузории ҳоло дар Русия 780 ҳазор нафар тоҷикистониён, ки шаҳрвандии Русияро надоранд ва ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон худро дар Русия ба қайд мондаанд, кор мекунанд.

Узбакистон аз рӯи шумораи муҳоҷирони корӣ дар Русия дар ҷои аввал аст. Дар Русия 1 млн 100 ҳазор нафар муҳоҷирони кории узбак дар Русия кор мекунанд. Камтар аз 1,5 баробари тоҷикон будани шаҳрвандони Узбекситон дар ҳолест, ки аҳолии ин кишвар 4 баробари аҳолии Тоҷикистон аст. Яъне аз рӯи таносуби аҳолӣ муҳоҷиони тоҷик бештар аз ҳар кишвари дигаранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳар сол беш аз 100 000 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт мекунад ва онҳо дар ин шумор ворид нашудаанд.

Дар ҷои сеюм Қирғизистон қарор дорад. Аз ин кишвар 450 ҳазор муҳоҷири корӣ дар Русия ҳастанд.

Тибқи инфографикаи нашршуда, Беларус дар ҷои чорум аст. Ҳоло дар Русия 430 ҳазор нафар белорусҳо кор мекунанд.

Дар чор радаи баъдӣ Арманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Молдова қарор доранд.

Гурҷистон дар ҷои охирин, нӯҳум аст. Тибқи нишондоди маълумоти расонаишуда, дар Русия ҳамагӣ 10 ҳазор муҳоҷири корӣ аз ин кишвар кор мекунанд.

Гуфта мешавад, ки ҳоло дар Русия беш аз 3 млн 200 ҳазор нафар муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ кору фаъолият доранд.

Бояд гуфт, тақрибан 700 ҳазор нафар тоҷикистонӣ дорои душаҳрвандӣ буда, шаҳрвандии Русияро низ доранд. Ин теъдод аз ҳисоби муҳоҷирони кории тоҷик, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, берун аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *