Масъули мубориза бо маводи мухаддири вазорати дохилаи ҳукумати муваққати Толибон аз боздошти ҳудуди ду ҳазор нафар ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир хабар дод.
Масъули мубориза бо маводи мухаддири вазорати дохилаи ҳукумати муваққати толибон Абдулҳақ Ҳамкор ахиран эълон кардааст, ки дар давоми як сол 45 тонн маводи мухаддирро низ кашф ва мусодира кардаанд.
Вай меафзояд, ҳеҷ касе иҷозаи кашф, ҷараёни хариду фурӯши маводи мухаддирро надорад ва бо хилофкорон бархурди қонунӣ сурат мегирад.
Ин дар ҳолест, ки Созмони Милали Муттаҳид чанде пеш дар гузоришаш гуфта буд, тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ба арзиши беш аз як миллиард доллар дар соли ҷорӣ афзоиш ёфтааст.
Инчунин СММ хабар дода буд, ки дар Афғонистон афзоиши башиддати маводи мухадир сабт шуда, даромад аз кишти он қариб се баробар зиёд шудааст.
Аз руи маълумоти идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноёти Созмони Милали Муттаҳид дар ин замон парвариши афюн дар Афғонистон нисбат ба соли гузашта 32% афзуда, ба 233 ҳазор гектар расидааст.
Ба иттилои манбаъ, даромади кишоварзони афғон аз фурӯши ин мавод аз 425 миллион доллар дар соли 2021 то ба 1 миллиарду 400 миллион доллар дар соли 2022 афзоиш ёфтааст.