Рубрики Хабарҳо

Воридоти мошин аз Гурҷистон ба Тоҷикистон 61% афзоиш ёфтааст

Аз аввали соли 2022 содироти мошинҳо аз Гурҷистон ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 беш аз 61% афзоиш ёфтааст. Ин омор аз маълумоти Идораи миллии омори Гурҷистон оварда шудааст.

Ҳамин тариқ, дар давраи аз январ то сентябр ҳаҷми реэкспорт 8 миллиону 700 ҳазор долларро ташкил дод. Ин дар ҳоле ки як сол қабл ин рақам ба 5 миллиону 400 ҳазор доллар баробар буд.

Дар давоми нуҳ моҳ ба Точикистон 1470 мошин ворид шудааст. Ба Тоҷикистон асосан мошинҳои истифодашуда ворид мекунанд. Қаблан мошинҳо асосан аз Аврупо ва Кореяи Ҷанубӣ ворид мешуданд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 130 адад мошинҳои барқӣ ворид карда буд.

Бар хабари Хадамоти гумруки кишвар, ҳаҷми воридоти ин навъ худравҳо 3 миллиону 400 ҳазор долларро ташкил додааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *