Суид як паноҳҷӯи узви ПКК-ро ба Туркия бозгардонд
Туркия бо блок кардани вуруди Суид (Шветсия) ва Финланд ба НАТО ба аввалин хостаи худ расид. Суид паноҳҷӯеро, ки гуфта шуда узви Ҳизби коргарони Курдистони Туркия аст, ба ин кишвар бозгардонд.
Расонаҳои давлатии Туркия хабар додаанд, ки Суид як узви ҳизби коргарони Курдистони Туркия, ПКК-ро, ки дар Туркия мамнӯъ аст ба ин кишвар бозгардондааст. Ин мард билофосила пас аз вуруд ба Истамбул аз сӯи полиси Туркия дастгир шуд.
Ба гузориши хабаргузории Анатолу ин мард дирӯз якшанбе 4 декабр ба додгоҳ муаррифӣ ва ҳукми боздошти ӯ содир шуд. Бар асоси ин гузориш ин фард дар Туркия ба далели узвият дар ҳизби ПКК ба шаш соли зиндон маҳкум шуда буд аммо дар соли 2015 ба Суид фирор кард ва тақозои паноҳандагӣ дод аммо ин тақозо низ дар Суид рад шуда буд.
Аз замони тақозои Суид ва Финланд барои узвият дар НАТО, Туркия ин равандро масдуд карда ва хоҳони бозпас фиристодани аъзои ПКК аз сӯи ин ду кишвар ба Туркия аст. Урдуғон, раисҷумҳури Туркия ин ду кишвар ба хусус Суидро муттаҳам мекунад, ки ба паноҳгоҳи “терористҳо” табдил шудаанд.
Стокголм ва Хелсинки ин иттиҳомро рад мекунанд ва таъкид кардаанд, ки худро дар ҳамкорӣ бо Анқара муваззаф медонанд.
Мавлуд Човушоғлу вазири хориҷаи Туркия авоили ин ҳафта дар ҳошияи нишасти НАТО бо ҳамтоёни суидӣ ва финландиаш дидор ва аз баёнияи Суид дар бораи мусаммам будани ин кишвар дар ҳамкорӣ бо Туркия истиқбол кард аммо гуфт “мо бояд иқдомҳои мушаххас бубинем”.
Вазири хориҷаи Туркия давлати ҷадид ва ростгароии Суидро ба ин хотир, ки “аз давлати қаблӣ бозтар аст” таъриф кард ва гуфт: “давлати нави Суид тағйироте дар қонунҳо ворид карда ва ҳамаи инҳо қадамҳои мусбатӣ аст.”
Вазири муҳоҷирати Суид дар вокуниш ба хабари бозпас фиристодани як паноҳҷӯ ба Туркия гуфтааст ин тасмими идороти муҳоҷират ва додгоҳи Суид буда ва тасмим дар бораи он дар давлат гирифта нашудааст.
Ба гуфтаи Мари Малмер Стеннергаард, ин мавриди “бозпас фиристодани фарде буда, ки тақозои паноҳандагиаш рад шуда аст”. Ў таъкид карда, ки давлат дар баррасии тақозоҳои паноҳҷӯён ҳеҷ дахолате надорад ва дар тасмимгириҳои идороти марбута ва додгоҳ дахолат намекунад.
Вакили паноҳҷӯи депортшуда аммо аз ин иқдом ба шиддат интиқод карда ва ба хабаргузории суидии TT гуфтааст: “ин ваҳшатнок аст. Масъала фақат муваккили ман нест, масъала хутути демокрасии Суид ва ҳуқуқи башар аст.”
Ҳизби коргарони Курдистони Туркия — ПКК натанҳо дар Туркия балки аз сӯи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо низ ба унвони як Созмони террористӣ шинохта мешавад. Ин Созмон дар гузашта масъулияти чандин ҳамла дар Туркияро бар ӯҳда гирифтааст.
ПКК аз соли 1984 ҷанги чирикӣ алайҳи давлати Туркияро бо ҳадафи истиқлоли манотиқи курднишин оғоз кард. Аммо Абдуллоҳ Авҷолон раҳбари зиндонии ин ҳизб дар Наврӯзи соли 2013 дар паём наврӯзиаш аз зиндон неруҳои ПКК-ро ба оташбас бо давлати марказӣ фаро хонд.