Шабакаи телеграмии мухолифини чечен 1Аdat бо ишора ба додаҳои «манобеъ аз Аврупо ва Чеченистон» гузориш дод, ки мунтақиди машҳур мақомоти Чеченистон, сиёсатмадори мухолиф Тумсо Абдураҳмонов, дар Суид (Шветсия) кушта шуд.
1Аdat менависад: «Тумсо шабона тавассути гурӯҳе аз афрод бо тир кушта шуд ва ҷузъиёти қатл дар ҳоли ҳозир дар ҳоли баррасӣ аст.» Расона ҷузъиёти дигаре ироа накардааст, аммо хотирнишон карда, ки сервисҳои вижа бародари Тумсо Абдураҳмоновро махфӣ кардаанд.
Радио Свободи (бахши русии RFE/RL) гузориш медиҳад, ки ба гуфтаи дӯстони Абдураҳмонов, ӯ дар шаби дувуми декабр кушта шудааст. Ин нашрия ҷузъиёти дигаре ироа накардааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Суид ҳанӯз дар ин маврид изҳори назаре накардаанд.
Дар аввали декабр Тумсо Абдураҳмонов иртиботи худро қатъ кард. Фаъолони ҳуқуқи башар гуфтанд, ки ӯ нопадид шудааст. Ҳатто дар он замон низ гузоришҳое мабнӣ бар эҳтимоли кушта шудани ин блогнавис вуҷуд дошт, аммо дар он замон ин мавзӯъ таъйид нашуд.
Тумсо Абдураҳмонов ба далели интиқод аз мақомоти чеченӣ маъруф аст. Ў дар соли 2015 пас аз даргирӣ бо наздикони Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон, Русияро тарк кард. Ў паноҳандагии сиёсӣ дар Суид дарёфт кард. Дар Чеченистон, Абдураҳмонов ба иртибот бо ДОИШ муттаҳам аст. Дар солҳои 2020 ва 2021, қаблан талошҳое барои куштани Абдураҳмонов ва бародараш Муҳаммад сурат гирифтааст. Дар декабри 2021, Тумсо Абдурахмонов гузориш дод, ки 9 нафар аз бастагони ӯ дар Чеченистон рабуда шудаанд.