Рубрики Хабарҳо

СММ: Дар Укроин 3,1 ҳазор ғайринизомӣ кушта шудаанд

Бар асоси гузориши дафтари Кумиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар, аз замони оғози “амалиёти вижа”-и Русия дар Украина 3153 нафар ғайринизомиён қурбон шудаанд. 

Аз ин теъдод 1115 нафар мардон, 722 нафар занон ва беш аз 200 нафарашон кӯдаконанд. Ҷинсияти 1090 қурбонии бузургсол ҳанӯз мушаххас нашудааст. 3316 нафар, аз ҷумла 324 зан ва беш аз 300 кӯдак ба дараҷаҳои гуногун ҷароҳат бардоштаанд.

Бо ин ҳол дафтари кумисарияти Олӣ тахмин мезананд, ки шумори воқеъӣ ба маротиб бештар аст, зеро дарёфти маълумот аз маконе, ки амалиёти фаъоли низомӣ сурат гирифта истодааст, хеле мушкил аст. Ба ин Мариуполи вилояти Харков, Изюм ва Попаснаяи Луганскро метавон мисол овард. 

Дар гузориши Созмон гуфта мешавад: «Аксари марги мардуми осоишта бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ, таркиши тӯпҳои вазнин ва мушакборони пайваста, ки боиси харобиҳои густарда шудааст,  ба амал омадаанд». 

Вазорати мудофиаи Русия борҳо таъкид кардааст, ки артиши Русия танҳо ба ҳадафҳои низомӣ зарба мезанад. Дар охирҳои моҳи март сухангӯи вазорат генерал-майор Игор Конашенков гуфта буд: «Дар ҷараёни амалиёт вазифаи Нерӯҳои Мусаллаҳ истисно кардани талафоти ҷонӣ дар миёни мардуми осоишта аст. ба ҳифозати зербиноҳои ғайринизомӣ ва зиндагии мардуми осоишта дар Украина эътибори хоса зоҳир мешавад”. 

Вазорати дифоъ ҳамчунин артиши Украинаро бар он муттаҳам кардааст, ки наворҳои сохтаи қалбакиро дар бораи амалҳои хушунатомези артиши Русия ва кушта шудани мардуми осоиштаи ғайринизомӣ паҳн мекунанд. 

Як ҳафта пеш дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Маскав ва Киев пешниҳод кард, ки  як гурӯҳи муштараки тамосҳои башардӯстона таъсис дода шавад ва он бояд ба таъсиси долонҳои бехатари башардӯстона машғул бошад.

Қаблан Киев аз Гутерриш дархост карда буд, ки барои таҳлияи аҳолии ғайринизомӣ аз минтақаи Азовстали Мариупол кафолат диҳад. Рӯзи 1 май раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский эълон кард, ки тақрибан сад нафар сокини осоишта аз ин минтақа берун карда шудаанд. Вазорати дифои Русия рӯзи 2 май гуфт, ки тайи ду рӯз 126 нафар ҳудуди корхонаи «Азовсталь»-ро тарк кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *