Рубрики Хабарҳо

Кабирӣ: баъди тағйири ҳукумат расонаи давлатӣ вуҷуд нахоҳад дошт

Муҳиддин Кабирӣ, раҳмбари Паймони миллии Тоҷикистон дар гуфтугӯи мустақимаш бо мардум, ки бахшида ба рӯзи матбуот дар Тоҷикистон ҳамин ҳоло ҷараён дорад, гуфт баъди тағйири ҳукумат ҳеҷ расонаи давлатие вуҷуд нахоҳад дошт. Ҳамчунин ӯ гуфт ҳукумати Раҳмон фарҳанги муносибат бо журналистонро намедонад ва муносибаташ он онҳо қонунӣ нест.

Ин ҳам бархе аз гуфтаҳои раҳбари мухолифини тоҷик дар бораи матбуоти тоҷикзабон:

Тоҷикистон бештарин қурбониҳо байни журналистон ва кормандони соҳаи матбуотро дошт. 

Беш аз 80 нафар дар замони чанг кушта шуданд

Даҳҳо нафари дигар баъди имзои Созишномаи сулҳ

Дар авохир ҳам ҳамла ба журналистон ва ҳабси онҳо кори оддӣ буд: ба Маҳмадалӣ Ҳаит ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ҳамлаву латукӯб карданд ва билохира ҳабс намуданд..

Ба рӯзноманигорони озодандеши дигар мисли Далер Шарипов, Раҷаби Мирзо, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва ғайра ҳамлаҳо сурат гирифт.

Даҳҳо расонаи озод таҳти фишор аз фаъолият монданд: мисли “Озодагон”, “Нигоҳ”, “Чароғи рӯз”, “Рӯзи нав” ва ғайра.

Тибқи радабандии созмони Хабарнигорони бидуни марз, Тоҷикистон аз ҷумлаи 20 кишвар аст, ки журналсион таъқиб мешаванд ва бадтарин вазъро доранд.

Ҳукумат фарҳанги муносибати қонунӣ ва маданӣ бо журналистонро надорад

Ҳукумати Тоҷикистон аз камтарин ҳукуматҳоест, ки бо расонаҳо сӯҳбат намекунад, бахусус бо хабарнигорони ватанӣ. Вазиронро намебинем, ки бо журналистон сӯҳбат кунанд, бу ҷуз нишастҳои матбуотӣ ҳар ним сол, тибқи фармони раисҷумҳур анҷом мешавад.

Вазирон омода нестанд, ки вақте ҳодисае рух дод ба мардум ҳисобот диҳанд. Барои мисол вазирони қирғиз ҳисобот медиҳанд, чун эҳсоси масъулият мекунанд.

Вазирони тоҷик мисли Эмомалӣ Раҳмон худро масъул назди мардум намедонанд.

Ҳукумат ба расонаҳо ва журналистон бо ду нигоҳ менигаранд: Ба расонаҳои ҳукуматӣ ва тарафдори ҳукумат чун асбоби таблиғи ва мадҳу санои ҳукумат, ба расонаҳои мустақил ҳамчун душман ва фармонбардори хориҷиёну агенти хориҷӣ.

Дар барномаи Паймони миллим Тоҷикистон банди хос дар бораи журналистон ва расонаҳо ҳаст

Мо ба ин назарем, ки дар оянда, баъди тағйири ҳукумат расонаи давлатӣ набояд вуҷуд надошта бошад. Барои баъзеҳо дарки ин масъала осон нест, чун аз замони ҳукумати шӯравӣ то имрӯз ҳамеша дидаанд, ки ҳукумат, вазорат, ҳизбҳо ва ғайра расона доранд.

Мо ба ин назарем, ки дар кишвари демократӣ на ҳукумат ва на ҳизбҳо набояд расона дошта бошанд. Чун вақте расона давлатӣ ё вазоратхонаӣ шуд, танҳо моликашро таблиғ мекунад ва камбудиҳоро намебинад. Ҳукумат ва вазоратҳо бояд танҳо котиби матбуотӣ дошта бошад ва пресс релиз нашр кунад

Расонаҳо бояд хусусӣ ва ҷамъиятӣ бошанд. 

Аммо чаро ҲНИТ расона дошт? Зеро вақте дар кишваре ҳукумат расона дорад, ҳизбҳо ҳам маҷбуранд расона дошта бошанд, то баланс ва вуҷуд ояд.

Доштани расонаҳои ҳукуматӣ хоси кишварҳо диктотурӣ ва нимадиктотурӣ аст.

ВВС дар Бритиноё, Дойче Велла дар Олмон ё CNN дар Амрико дар назари аввал давлатианд. Аммо онҳо расонаҳои ҷамъиятӣ ҳастанд ва қисман давал маблағгузорӣ мекунад, ки ба маънии ҳукуматӣ будан нест. Аз ҳукуматҳо танқид мекунанд. Барои мисол барномаеро дар ВВС дидам, ки ҳукуматро шадидан танқид мекард, ҳамон гуна, ки дар Дойчк Велла ва CNN мекунанд.

Маблағгузор будани ҳукумат ба ин маънӣ нест ки ба расонаҳо дикта кунад.

Дар ҳукуматҳои диктотурӣ сиёсати расона ва ҳатто муҳарриру кормандонашро ҳукуматҳо таъин мекунанд. 

Баҳис дигар:

То куҷо расонаҳои тоҷик чӣ дар дохил ва чи дар хориҷ меъёрҳои профессионалиро риоя мекунанд?

Фазо ва муносибате, ки бо расона дар Тоҷикистон аст, имкон намедиҳад, ки матбуоти мустақил ва касбӣ рушд кунад ва бетараф бошад. Хеле душвор аст барои журналист, ки бетараф бошад ва рисолати худро касбӣ анҷом диҳад. 

Ҳатто расонаҳои тоҷикие, ки марказашон, маблағугзориашон ва раҳбарияташон бештар дар хориҷ ҳастанд ва чандон зери фишор нестанд, аз пӯшиш додани бархе масоил парҳез мекунанд: вазъияти оппозитсия, мусибат ва зулмҳо болои зиндониҳои сиёсӣ, фишорҳо болои хонаводаи мухолифин. Зеро аз фишори ҳукумат метарсанд. Ҳукумат ҳам амалан нишон дод, ки ҳар расонае ин мавзӯъҳои табуро расонаӣ кунад, болои расона ва журналист фишор меорад. 

Гоҳ гоҳ расонаҳое ки дар хориҷ ҳастанд ба ин мавзӯъҳо мепардозанд. Барои мисол Радиои Озодӣ. Радиои Озодӣ аз солҳои қабл фарқ мекунад, аммо аз бахшҳои дигар, маслан узбакӣ, русӣ ва дигар забонҳо комилан фарқ мекунад ва муқоисашаванда нест. Ҳоло гоҳ гоҳ ба мухолифин сухан медиҳанд ва хабар нашр мекунанд. Радиои Озодии қбалӣ аслан чизе нашр намекард. 

Барои мисол дар Прага аз ман “Настояшее время” мусоҳиба гирифт аммо пахш накард. Баъдан гуфтанд ки бахши тоҷикӣ болои бахши русӣ фишор овард ки пахш нашавад. Ҷавод Аббосӣ, аз масъулини РО дертар ба ин сензура нисбати мухолифин этъироф кард ва гуфт ки сабаби аз кор рафтанаш шикояти ҲНИТ буд. Бале мо нома навиштем в шикоят кардем ва нусхаи номаро ба масъулини бахши тоҷикӣ расонидем. Аммо пеш аз он ин шикоятҳоро ба худи бахши тоҷикӣ расонида будем, вале мутаассифона чизе иваз нашуд. Аз ин бештар иқдоме накардем, аммо ин иқдом масъулияти мо буд. Масъулияти РО бошад расонидани ахбори воқеъӣ ва баробар аст

Бахши форсии ВВС аслан Тоҷикистонро фаромӯш кардааст ва танҳо барномаҳои фарҳангӣ аз Тоҷикистон пахш мекунад.

Расонаҳои дохилӣ комилан ин мавзӯъҳо ҳарфе намезананд. Аммо айби онҳо нест ва мо онҳоро гунаҳкор намедонему аз онҳо шикоят надорем, зеро пайваста зери фишор ҳастанд. 

Пахши мустақими гуфтугӯи раиси ПМТ бо мардум ҳоло ҷарайн дорад ва онро метавонед инҷо пайнирӣ кунед:

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *