Дар даҳ моҳи соли равон танҳо дар вилояти Хатлон наздик ба 4 ҳазор ақди никоҳ расман бекор карда шудааст. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 393 ҳолат зиёд будааст.
Ба иттилои нашрияи «Тоҷикистон» масъулини бахши асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят гуфтаанд, ки аз ҳама бештар дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Кӯшониён, Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ ақди никоҳ бекор карда шудааст.
Гуфта шудааст, ки «аз шумораи умумӣ, 2 ҳазору 528 ақди никоҳ бо қарори додгоҳ ва боқимонда бо розигии ҳамсарон ва бо аризаи яке аз онҳо бекор шудааст.»
Мақомот мегӯянд, баъди ҷудошавии қариб 4 ҳазор хонавода дар Хатлон 3 ҳазору 490 кӯдаки ноболиғ аз тарбияи яке аз волидон маҳрум шуданд.
Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон ҳар рӯз беш аз 40 ҷуфт ва моҳе беш аз ҳазору 200 оила аз ҳам ҷудо мешаванд.