Ёдгорзода Наргис, раиси додгоҳи шаҳри Гулистон ҳамроҳи Насритдинзода Муродбек, додрас ва Раҷабов Абдухалил, сармутахассиси суди Олӣ ҳангоми гирифтани пора аз сӯи Раёсати мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд дастгир шудаанд
Дар ин бора, зимни нишасти матбуотӣ аз Раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд. Ин ниҳод, ҳолати даст ба порагирӣ задани ин се корманди сохтори судиро дар рӯзи 13-уми декабри соли 2019 ошкор намудааст.
Гуфта шуд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ, муайян гардид, ки Насритдинзода Муродбек, дар вазифаи додраси додгоҳи шаҳри Гулистон кор карда истода, санаи 26 сентябри соли 2019 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо раиси додгоҳи шаҳри Гулистон Ёдгорзода Наргис аз намояндаи қонунии шаҳрванд, Мизробов, барои омода ва ирсол намудани парвандаи гражданӣ, 2000 доллар маблағ талаб намуда, санаи 13-уми декабри соли 2019 тибқи нақшаи қаблан таҳрезишуда Ёдгорзода Наргис ба воситаи миёнрав, сармутахассиси Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабов Абдухалил маблағи 2000 доллар -ро ба сифати пора аз намояндаи қонунии шаҳрванд Мизробов талаб намуда гирифтааст .
Масъулини Раёсати Агентии мубориза бо фасод дар Суғд гуфтанд, ки нисбати Ёдгорзода, Насритдинзода ва Раҷабов, ба ин далел аз ҷониби Додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 319 қисми 3 – Кодекси ҷиноӣ, парванда оғоз карда шуда ва тафтишот идома дорад.