Раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси байналмилалии “Парлумониҳо барои Қудс”, ки рӯзҳои 8 ум то 10 уми феврал дар Куоло Ломпур, прйтахти Малайзия баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ кард.
Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии ПМТ, Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин дар ҳошияи ин конфронс бо ҳайатҳои мухталифи кишварҳои ширкаткунанда дидор ва гуфтугӯ кардааст..
“Дар ин конфронс ҳайатҳои зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ низ ширкат доштанд. Ба ҷуз ҳайатҳои ширкаткунанда, раиси ПМТ бо раисони аҳзоби сиёсии Малайзия низ дидору гуфтугӯ намуд” – омадааст дар иттилоияи дафтари матбуотии ПМТ.
Меҳвари аслии гуфтугӯҳо, ба навиштаи манбаъ, вазъияти ҳуқуқи башар, озодиҳои маданӣ ва демократия дар Тоҷикистон будааст.
“Раиси ПМТ дар ин суҳбатҳо дар бораи ҳамкорӣ ва пофишории дастаҷамъона барои раҳоии зиндониёни сиёсӣ суҳбат намуда, аз ҳайатҳо хостааст, дар ин замина ҷиддитар амал намоянд. Ҳамчунин нусхаи қарори СММ дар бораи талаби озодии аъзои зиндонии РО ҲНИТ ба онҳо тақдим гардид” – иттилоъ медиҳад манбаъ.
Дафтари матбуотии Паймони миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ки “ҷузъиёти бештари ин сафар дар яке аз суханрониҳои қарибулвуқуъи раиси ПМТ матраҳ хоҳад шуд”.
Гуфтанист, рӯзи 11 феврал Гурӯҳи кории Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона (The United Nations Working Group on Arbitrary Detention) эълон кард ба хулосае расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо боздошти 11 узви ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ӯҳдадориҳои худ дар масъалаи ҳуқуқи инсонро поймол кардааст. Ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост билофосила ва бидуни қайду шарт ин 11 нафарро озод карда, ба онҳо ҷуброн пардохт кунад.
Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Freedom Now, ки парвандаи наҳзатиҳоро ба СММ фиристода буд, эълом кард зз хулосаи Гуруҳи корӣ истиқбол мекунад.
“Аз замоне, ки ҳукумати Тоҷикистон дар чорчӯби маъракаи густардаи сиёҳ кардани ҳизбҳои сиёсии мухолифини осоишта роҳбарони ҲНИТро дастгир ва зиндонӣ кард, 1600 рӯз гузашт. Идомаи боздошти ин 11 нафар аз ҷониби ҳукумат ҳуқуқи аслии инсонии онҳо, аз ҷумла ҳуқуқашон ба озодии гирдиҳамоиро поймол мекунад. Freedom Now аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, ки фаъолони ҲНИТро билофосила ва бидуни қайду шарт озод кунад” – изҳор дошт мудири иҷроияи Freedom Now Маран Тернер (Maran Turner).
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ бо нашри баёнияе гуфт, аз ин қарори Гурӯҳи кории Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона истиқбол мекунад ва онро “як қадами мусбат дар ростои озодии зиндониён ва раҳоии мардуми кишвар аз истибдоду диктотурӣ” номида, гуфтааст “ин ҳукм бори дигар собит мекунад, ки тамоми аъзои ҲНИТ дар зиндонҳои кишвар бегуноҳ буда, қурбонии сиёсатҳои хонаводагӣ ва қудратталабии элитаи ҳукмрон шудаанд”.