75 дарсади савдои хориҷии Тоҷикистонро воридот ташкил медиҳад
Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2019 4,4 млрд долларро ташкил додааст. Хадамоти гумрук мегӯяд, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 5,3% бештар аст.
3,3 млрд доллар ё 74,9% дарсади ин нишондиҳанда ба воридот ва ҳамагӣ 1,1 млрд доллар ё 25,1% ба содирот рост меояд.
Дар ин бора дар нишасти хабарии имрӯзаи Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ муовини сардори ин ниҳод Азим Турсунзода хабар дод. Ӯ мегӯяд соли гузашта содирот кишвар 4% афзоиш доштааст. .
Дар ҳамин ҳол Турсунзода аз фарқи байни воридоту содирот дар сохтори муомилоти моли хориҷии ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ карда, вазъро “вазнин” арзёбӣ намуд.
Бино ба маълумоти ӯ, соли гузашта Тоҷикистон бо 116 кишвари саросари ҷаҳон муомилоти молӣ анҷом дод. Дар ин давра Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик 81 номгӯйи молу маҳсулот содирот кардааст.
Дар сохтори содирот маъданҳои минералӣ ва консентратҳо (26,6%), алюминий (15,5%), пахта (12,5%), семент (6,1%), нахи пахта (3,6%), сабзавоту мева (1,6%) ва ғайра мавқеи намоёнро ишғол мекунанд.
Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумрук, дар муқоиса бо соли 2018 ба маблағи 103,2 млн доллар 31,2 ҳазор тонна ҳаҷми содироти маъдану консентратҳо кам шудааст.
Сафри назар аз афзоиши ҳаҷм, аз содироти алюминий ва пахта Тоҷикистон беш аз 51 млн. долларро аз даст дод.
оли 2019 ҳаҷми содироти алюминий 1 ҳазору 976 тонна афзуда, лекин дар ифодаи пулӣ 26,1 млн. доллар кам шуд. Ҳаҷми содироти пахта низ 1 ҳазору 903 тонна зиёд шуда, лекин дар ифодаи пулӣ 25,7 млн доллар кам шуд.
“Камшавии даромадҳо аз фурӯши алюминий ва пахта ба босуръат поинравии нархҳо дар биржаҳои ҷаҳонӣ марбут аст”, – зикр кард Турсунзода.
Харидорони асосии молу маҳсулоти Тоҷикистон дар соли 2019 ин кишварҳо мебошанд: Туркия (21% аз ҳаҷми умумии содирот), Швейтсария (20,2%), Қазоқистон (19,6%) ва Ӯзбекистон (15,4%). Кишварҳои асосии воридкунандаи маҳсулот ба Тоҷикистон дар ин давра Русия (30,3% аз ҳаҷми умумии воридот), Қазоқистон (22,2%) ва Чин (18,2%) мебошанд.