Том Уэст ва мулло Яъқуб дар Абу-Дабӣ, дар бораи бозгашти сафорати Амрико дар Кобул дар ояндаҳои наздик гуфтугӯ кардаанд. дар ин бора Афғонистон Интернэшнл бо истинод ба мнобеъаш хабар медиҳад.
Манрбеъ гуфтаанд қарор аст тими кӯчаке аз дипломатҳои Амрико ба Кобул бираванд. Толибон дар хусуси таъмини амнияти онҳо ба Иёлоти муттаҳида итминон додааст.
Ҳанӯз Толибон ва Иёлоти муттаҳида ба сурати расмӣ дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Толибон дар раъси ҳайате ба Амороти муттаҳидаи арабӣ рафта ва дар ҷараёни ин сафар бо Том Уэст, намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон дидор кард.
Мулло Наҷиб, муовини истихборот ва Мулло Ширин, раиси истихбороти вазорати дифоъи Толибон аз ҷумлаи касонеанд, ки ба ҳамроҳи мулло Яъқуб ба Абу-Дабӣ рафта буданд.
Манобеъ мегӯянд мақомоти Толибон дар ин дидор ба намояндаи Амрико итминон додааст, ки амнияти сафорат ва кормандони онро таъмин мекунанд.
Ба гуфтаи манбаъ, мулло Ширин аз ҷумлаи фармондеҳони Толибон аст, ки қабл аз тасаллути ин гурӯҳ бар Афғонистон, нақши барҷастае дар анҷоми ҳамалоти инфиҷорӣ дар Кобул доштааст.
Бо суқути давлати Афғонистон, шуморе зиёде аз кишварҳо аз ҷумла Амрико сафораташро дар Кобул бастанд ва дипломатҳояшонро ба Доха, пойтахти Қатар фиристоданд.
Вазорати дифоъи Толибон мегӯяд мулло Яъқуб дар дидор бо Том Уэст хостори эҳтиром гузоштани ҷаҳон ба тамомияти арзии Афғонистон шуд. Бар асоси эъломияи вазорати дифоъи Толибон, мулло Яъқуб ба Том Уэст итминон додааст, ки аз хоки Афғонистон алайҳи ҳеҷ кишваре истифода нахоҳад шуд.
Том Уэст ҳам мегӯяд дар бораи манофеъи муштарак дар эҳёи субот, рифоҳ ва сулҳ дар Афғонистон бо мулло Яъқуб гуфтугӯ кардааст.
Пеш аз ин низ мақомоти аршади истихбороти Амрико ва Толибон дидорҳое доштаанд.
Бар асоси гузориши СНН, Дэвид Коэн, муовини Созмон CIA ва Том Уэст, намояндаи Амрико барои Афғонистон дар шонздаҳуми мизон бо Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти Толибон гуфтугӯ кардааст. Ба гузориши ин расона, ду тараф дар ин дидор дар бораи мубориза бо терроризм гуфтугӯ карда буданд.
Ин дидор пас аз кушта шудани Айман аз-Завоҳирӣ, раҳбари Ал-Қоъида тавассути ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико дар Кобул оғоз сурат гирифт. Он замон, Амрико шабакаи Ҳаққониро муттаҳам кард, ки аз маҳалли нигаҳдории Завоҳирӣ огоҳ буда ва аъзои ин шабака бо Айман аз-Завоҳирӣ ҳам дар иртибот буданд.
Мулло Яъқуб рӯзи панҷшанбе аз Амороти муттаҳидаи арабӣ ба Кобул бозгашт.